Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Диловари Мирзо «Норасоии мутахассис – мушкили №1»-ро, ки дар шумораи №54 (4474) — и рӯзномаи «Садои мардум» аз 4 майи соли 2022 ба нашр расидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ пешниҳод менамояд.
Шумораи мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Рашт 611 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он мутахассисони дорои маълумоти олӣ 138 ва мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 473 нафар мебошанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон таъминот бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ 10,6 ва бо мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ — 36,3 ба 10 000 аҳолӣ, банд будани воҳиди кории табибон 153,25 ва кормандони миёнаи тиббӣ — 447,5, миқдори воҳидҳои кории холии табибон 27,5 ва кормандони миёнаи тиббӣ 25,75 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Дараҷанокии табибон ба 68,8 фоиз ва мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ ба 46,3 фоиз баробар аст. Норасоии кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои тибби оилавӣ, анестезиолог-реаниматолог, сироятшинос, психиатр ва нарколог ба назар мерасад.
Дар доираи тадбирҳои бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз ноҳияи Рашт 106 донишҷӯ, аз ҷумла тибқи Квотаи президентӣ 18 нафар, таҳсил доранд.
Инчунин, дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара» 19 нафар, аз ҷумла ду нафар тибқи Квотаи президентӣ, таҳсил менамоянд. Аз ҳисоби хатмкардагони солҳои 2018 – 2019 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар ноҳияи Рашт се нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Нишондоди шунавандагони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ноҳияи Рашт 25 нафар табиб ва як нафар корманди миёнаи тиббиро ташкил медиҳад.
Дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ аз ноҳияи Рашт айни замон 652 донишҷӯ таҳсил доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои бартараф намудани норасоии мутахассисони тиб якҷо бо раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ чораҳои ҳавасмандкуниро пурзӯр намояд.
А. АМИРЗОДА,
муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон