Арзи сипос

Об додан савоб аст

№23 (3503) 20.02.2016

об-барои хаётМо, аз он шоду сарфарозем, ки имсол Лоиҳа оид ба барқарорсозии хати об ва пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Айвоҷ бо мусоидати директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон мавриди амал қарор гирифт. Татбиқи лоиҳа барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ мусоидат намуда, мардум минбаъд аз маҳсулоти ғизоӣ мушкилӣ нахоҳанд кашид.

Холмурод Раҳмон бо мушкилиҳои дар ноҳияи Шаҳритуз мавҷудбуда аз наздик шинос аст, зеро солҳое, ки роҳбарии ноҳияро бар дӯш дошт, барои рушду ободии ин минтақа корҳои зиёдеро анҷом дод. Мақсаду мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ободии рӯзгори мардум ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азизу маҳбуб аст ва роҳбар таъин кардани чунин шахси кордону масъулиятшинос, хоксору ҳалим ин равандро тавсеа бахшидааст. Кош, тамоми роҳбарон чунин сарсупурдаву фидоии кори хеш мебуданд. Шоҳиди он ҳастем, ки замони роҳбарии Холмурод Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритуз чанд иншооти маъмуриву истиқоматӣ бунёд ёфта, ёдгориҳои таърихӣ таҷдиду барқарор шуданд.

Дар ноҳияи Қумсангир ҳам аз Холмурод Раҳмон, ки чанд сол раисии онро бар дӯш дошт, ба некӣ ном мебаранд, зеро давоми фаъолияташ дар ин ноҳия кори зиёдро баҳри ободӣ амалӣ намудааст. Бунёди бозори маркази ноҳия, бозорҳои «Чоршанбе», «Гипрозем», «Мазори Шаҳидон», «Зайнулобиддин», филиали БДА ҶТ «Амонатбонк», Маркази саломатии ноҳиявӣ, меҳмонхона, шаш бинои муассисаи таълимӣ, 20 нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, чойхонаи миллӣ, асфалтпӯшии садҳо километр роҳу роҳравҳо ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд. Ҳолатҳое буданд, ки барои аз фаъолияти кишоварзон огоҳ шудан аспсавор аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан менамуд ва аз мушкилоташон пурсон мешуд.

Чунин нафарон аз рӯи инсофу виҷдон фаъолият намуда, манфиати мардумро аз манфиатҳои шахсӣ боло мегузоранд. Дар бораи хизматҳои ин марди асил соатҳо ҳарф задан мумкин аст. Вале мо хоксорию таҳаммулпазирии ӯро ба инобат гирифта, бо ҳамин иктифо мекунем. Танҳо ҳаминро илова мекарданием, ки хизматҳои чунин инсонҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд.

 У. Сафаров, раиси маҳаллаи деҳаи Айвоҷ, И. Атавуллоев, сармуҳандис ва лоиҳакаши АИО «Айвоҷ», раисони хоҷагиҳои деҳқонии «Хуррамбобо», «Музаффарбобо», «Муборак», «Фирдавс», «Рухшона», «Маҳтоб», «Ситора», «Дилшод», «Икромиддин», «Сайёра»