Об — манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ободию фаровонӣ

№156 (4576) 20.12.2022

b4218edd-a201-4edf-8540-58dd18292ba615-уми декабри соли равон Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабул  ва бо қатъномаи махсус тасдиқ кардани панҷумин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба мардуми Тоҷикистон расонида шуд.

Тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21-уми март, ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар назар дошта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланди эътилофи об ва иқлим аз тариқи фосилавӣ дар шаҳри Душанбе 3-юми марти соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида, Гренландия ва дигар манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки нагирифтани пеши роҳи ин раванд метавонад ҷомеаи ҷаҳонро ба оқибатҳои ногувор рӯ ба рӯ созад.

Сарвари давлат вобаста ба ин масъа­лаи ҳассос ва ҷиддӣ ба иштирокчиёни мулоқот пешниҳод карданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад.

Хабари қабул гардидани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани соли 2025  «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» беҳтарин паёме ба мардуми Тоҷикистон буд.

Дар ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», (солҳои 2018-2028) ва эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шуда, бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид расмият пайдо кард, обрӯ ва мавқеи Пешвои миллати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд.

Хушбахтона, кишвари мо дорои захираҳои зиёди обҳои мусаффо, қуллаҳои сар ба фалаккашидаву барфпӯш, шаршараю дарёҳои хурӯшон, кӯлҳои ҷаззобу дилрабо ва чашмаҳои нодиру шифобахш мебошад.

Ватани мо аз ҷиҳати захираҳои об дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Зиёда аз 60 фоизи захираи оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди ҷумҳурии мо ташаккул меёбанд. Имконияту шароити хубе, ки аз лиҳози доштани захираҳои оби соф Офаридгор ба мо додааст, ин манбаи ифтихору қадршиносӣ ва хушбахтии сокинони мамлакат мебошад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, алалхусус кишварҳои қитъаи Африко, аҳолӣ аз набудани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Боиси нигаронист, ки ҳар сол аз истеъмоли оби ифлос миллионҳо одам ба ҳалокат мерасанд. Тибқи маълумоти расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол аз истифодаи обҳои ифлос ва касалиҳои сироятии марбут ба об қариб ним миллион нафар ба ҳалокат мерасанд, ки қисмати зиёди онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

 Ҳоло дар сайёра зиёда аз 2 миллиард одам аз норасоии об танқисӣ кашида, беш аз 5,5 миллиард нафар дар ҳолати ғайрисанитарӣ умр ба сар мебаранд.

Бо дарки моҳияти ин масъала таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки захираҳои бою фаровони оби тоза, ки аз дарёву кӯлҳо ва чашмасорони зиёд бармеояд, бояд ба манфиати давлату миллат самаранок истифода шавад.

Ҷумҳурии мо дорои захираҳои зиёди оби тоза мебошад. Дар ҳудуди кишвар 947 дарёи хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 километр мерасад.

Сарвари давлат мехоҳанд фарзандони дигар қавму миллат ва халқиятҳо дар баробари кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҳаёти хуррамона ба сар баранд, ба ғизои солим, бахусус ба оби ошомиданӣ, дастрасӣ дошта бошанд. Аз ин хотир, одитарин масъала, мушкилоти як қавм, як халқ ва аҳолии як кишвари хурдро мехоҳанд аз минбарҳои баланд ба таваҷҷуҳи дигарон расонанд ва ба онҳо кумак намоянд.

Таваҷҷуҳ ба проблемаҳои глобалӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ташаббусу иқдомҳои созанда гардид. Моҳи октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббус ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлилҳои амиқ ва санҷидашуда соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид. Ин нахустин иқдом дар миёни давлатҳои ҷаҳон буд, ки дар ин гуна ҷаласаи сатҳи баланд, маҳз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Онро иштирокчиёни иҷлосия якдилона ҷонибдорӣ карда, кишварҳои узви ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфтанд.

30-юми августи соли 2003 дар Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза Сарвари давлат таъкид намуданд: «Мо ҳамкории ҳамаи шуморо бесаброна интизор ҳастем, то ки масъулияти одамон барои ҳифзи сарвати бебаҳо, яъне об ва танзими захираҳои он дар «Соли байналмилалии оби тоза» ва минбаъд ҳам афзунтар шавад. Фикр мекунам, ки ин ягона роҳи дуруст аст, зеро мушкилоти оби тоза дар зарфи як сол ҳалли худро намеёбад ва дар оянда низ аз ҷумлаи ҳассостарин масъалаҳо дар сайёра боқӣ мемонад».

Мақсад аз ин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки дар нимаи дуюми асри ХХ ва оғози асри ХХI, бинобар зиёд гардидани шумораи аҳолии сайёра ва тараққиёти бахшҳои гуногуни иқтисодиёту саноат инсоният ба норасии шадиди оби нӯшокӣ дучор омадааст, ки нодида гирифтани он метавонад барои аҳолӣ оқибатҳои ногуворро оварад.

Сол аз сол гармшавии иқлим ва болоравии ҳарорати ҳаво боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо шуда, аллакай пайомади он дар баъзе гӯшаву канори сайёра ва Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад.

Аз маълумоти намояндагони пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ бармеояд, ки дар давоми 50-60 соли охир масоҳати як қатор пиряхҳои Тоҷикистон кам гардида, ин раванд имрӯз босуръат идома дорад.

Аз рӯи маълумоти коршиносон, масоҳати умумии пиряхҳо дар Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки 60 фоизи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меоянд. Қисмати асосии пиряхҳои Тоҷикистон дар кӯҳсорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир ҳастанд ва масоҳати онҳо 8500 километри мураббаъ мебошанд, ки аз 8493 пиряхи хурду калон иборатанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19-уми сентябри соли 2017 зимни суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», (солҳои 2018-2028) дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Федченко, нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки солҳои охир пиряхи мазкур қариб 11 километр масофа ва ҳаҷми худро дар масоҳати 2 километр мукааб гум кардааст. Гармшавии иқлим ҷараёни обшавиро тезонида, ҳар сол аз 10 то 15 метр масофаи ин пирях кӯтоҳ мегардад. Ҳамзамон, дар баъзе аз минтақаҳо он ба пиряхҳои алоҳида табдил ёфта, боиси босуръат обшавӣ ва ташкили кӯлҳо мегардад, ки албатта, чунин табдилёбӣ эҳтимолияти рахнашавӣ ва обхезиро ба вуҷуд меорад.

Пиряхҳои Тоҷикистон дар баробари захираи зиёди бебаҳои обҳои соф ба шумор рафтан, инчунин маҷрои рӯдхонаву дарёчаҳо ва кӯлҳоро ба танзим дароварда, вобаста ба иқлими минтақа шароит фароҳам меоранд, ки сабзиши гулу гиёҳ ва нашъунамои дарахтон дар чор фасли сол таъмин гардад.

Инчунин, дар қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Ҳисору Олой, Туркистон масоҳати пиряхҳо 1500 км2-ро ташкил медиҳанд. Аз калонтарини онҳо пиряхи Зарафшон ба ҳисоб рафта, масоҳаташ 41 километр буда, 25 километр дарозӣ дорад ва дар баландии 4200 — 5000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.

Бо мақсади ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардидааст.

Зарурати қабули чунин барномаи ҳаётан муҳим аз лиҳози аҳамиятнокӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ногузир буд, зеро бар асари гармшавии иқлим дар чанд соли охир пиряхҳои Тоҷикистон ҳудуди сеяки худ, яъне 30 фоиз масоҳаташонро аз даст додаанд. Аз 14 ҳазор пирях як ҳазораш аз байн рафтааст.

Инчунин, дигар пиряхи калонтарин, ки ҷараёни обшавии он низ босуръат идома дорад, пиряхи Гармо мебошад, ки дар ҳавзаи дарёи Обихингов ҷойгир аст. Тибқи маълумоти коршиносон, аз соли 1940 то соли 1985 он қариб се километр масофа ва 3,1 километр мукааб ҳаҷмашро гум кардааст.

Дар солҳои 1985 — 1990 сатҳи пирях 13 метр паст шуда, ҳар сол масофаи он тақрибан 9 метр кӯтоҳ ва сатҳи он то 4 метр паст мешавад.

Пиряхҳои дар қаторкӯҳҳои Зарафшон ҷойгирбуда беш аз 3 километр масофаи худро гум карда, ҳар сол дар натиҷаи босуръат обшавӣ то ҳафтод метр кӯтоҳ мешаванд. Дар солҳои 1950-2000 сеяки масоҳати пиряхҳои қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой низ кӯтоҳ гардида, нисфи ҳаҷми яхҳо об шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ба шарофати пиряхҳои кишварамон ва обҳое, ки тамоми фасли сол аз онҳо ҷорӣ мешаванд, ҳазорҳо гектар дашту саҳро ва биёбонҳо дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Миёна шодоб мегарданд.

Дар сурати нагирифтани пеши роҳи обшавии босуръати пиряхҳо дар солҳои оянда барои кишварҳои поёноби минтақа норасоии об ба миён меояд.

Дар асоси маълумоти Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳоло беш аз 6 ҳазор пирях дар кишварамон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва барои назорат аз ҷараёни ҳаракат ва тағйирёбӣ дар онҳо дидбонгоҳҳои ҳавошиносӣ таъсис дода шудаанд.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлати Тоҷикис­тон ба он равона гардидааст, ки боигариҳои офаридаи табиат на танҳо барои насли имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ бояд истифода шавад.

Роҳбари мамлакат зимни суханронӣ нахуст иқдоми худ дар масъалаи «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003-ро чунин шарҳ дода буданд: «Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба проблемаи таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад».

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон, сарони давлатҳо, шахсиятҳои шинохта, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори барҷаста эътироф мекунанд.

Баромад ва суханрониҳо  аз минбарҳои бонуфузи ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба вазъи геополитикӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон, мушкилоти сокинони сайёра, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба ҳаёти одамон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Сарвари давлати тоҷикон дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсии дохили кишвар, инчунин роҳи ҳалли дуруст ва мусолиҳатомези масъалаҳоеро, ки дар як қатор кишварҳо боиси ташвишу изтироб гардидаанд, ба миён мегузоранд.

Дар баробари ҷой доштани манбаъ ва захираҳои фаровони оби ошомиданӣ дар кишварамон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдому ташаббусҳои созандаи худ аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал меоранд, ки барои ҳифзи сарчашмаҳои оби тоза талош карда, онро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд.

(Мақола дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии наҷоти Арал омода карда шудааст).

А. АЛАМШОЗОДА,

муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон