Оббозӣ дар куҷо пулакиву дар кадом макон ройгон?

№81 (4501) 02.07.2022

DSC_0404Дар гармии тоқатфарсои тобистон аксарият мехоҳанд оббозӣ кунанд. Аз ҷониби дигар, ҳар сол дар ин мавсим ҳодисаҳои ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта мешавад. Дар матлаби зер доир ба ҳавзҳои шиноварӣ, ройгону пулакӣ будани нуқтаҳои оббозӣ ва қоидаҳои бехатарӣ маълумот пешниҳод шудааст.

Шумораи ҳавзҳо ва нархи хизматрасониҳо

Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар шаҳри Душанбе 13 ҳавзи шиноварӣ амал мекунад, ки ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: пулакӣ ва ройгон.

Ҳоло маъмултарин нуқтаҳои оббозӣ ва фароғат «Кӯли Душанбе», «Обшорон» ва «Делфин» мебошанд, ки ҳар се пулакианд.

Масоҳати «Кӯли Душанбе» 17 гектар буда, яке аз калонтарин марказҳои оббозӣ ва истироҳат дар Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, имкон дорад дар як вақт то панҷ ҳазор нафарро қабул кунад. Нархи хизматрасонӣ дар он барои одамони синну соли гуногун ва ҳатто рӯзҳои ҳафта фарқ мекунад.

Маблағи хизматрасонӣ барои калонсолон аз душанбе то панҷшанбе 100 сомонӣ ва аз ҷумъа то якшанбе — 120, барои кӯдаконе, ки қадашон то 1 метру 40 сантиметр ҳаст, аз душанбе то панҷшанбе — 50 ва аз ҷумъа то якшанбе 100 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар ин муассиса хизматрасониҳои дигар, аз ҷумла иҷора гирифтани велосипед, катамаран, вейкборд ва флейборд мавҷуд аст, ки вобаста ба рӯзҳои ҳафта арзишашон тағйир меёбад.

«Делфин» аввалин аквапарки хусусӣ дар Душанбе мебошад. Нархи хизматрасониҳои он низ гуногун аст.

Он дар як рӯз ду реҷаи корӣ дорад: то соати 1300 ва аз соати 1700. Реҷаи саҳарӣ барои калонсолон 50 сомонӣ ва барои хурдсолон (қад то 1 метру 40 сантиметр) 30 сомонӣ мебошад. Хизматрасонӣ дар реҷаи бегоҳӣ барои калонсолон рӯзҳои душанбе-ҷумъа 75 сомонӣ ва ҳамин рӯзҳо барои хурдсолон 40 сомонӣ аст. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ин реҷа маблағ барои калонсолон 85 сомонӣ ва барои хурдсолон 40 сомонӣ мебошад. Ҳамчунин, дар маълумотномаи «Делфин» гуфта мешавад, ки хизматрасонӣ ба кӯдакони то дусола ройгон аст.

Аквапарки «Обшорон» ҳам яке аз марказҳои дилхушист, ки сокинони Душанбе хеле зиёд ба он ҷо мераванд. Он аз соли 2017 фаъолият дорад. Арзиши хизмат­расонӣ дар ин марказ нисбатан арзон буда, барои калонсолон 40 сомонӣ ва барои хурдсолон 20 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар «Обшорон» барои кӯдакони қадашон то 90 сантиметр ва маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм даромад ройгон аст.

Мувофиқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудо­фиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар «Кӯли ҷавонон», «Чорбоғ-1» ва «Чорбоғ-2» ройгон оббозӣ кардан мумкин аст. Яъне, аз 13 маркази оббозӣ 3 — тояш ройгон ҳастанд.

 Аз ғарқшавӣ то қоидаҳои оббозӣ

Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз аввали сол бинобар риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ 67 нафар ғарқ шудаанд, ки 40 нафари онҳо аз 4 то 16-сола мебошанд. Сабабҳои ғарқшавии мардум, бахусус кӯдакон, оббозӣ дар минтақаи мамнӯъ барои шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст.

Чун бештари ҳодисаҳои нохуш аз надонистану риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар вақти оббозӣ сар мезананд, лозим донистем, ки аз чанд тавсияи маъмул барои оббозӣ ёдовар шавем:

- дар ҳолати худро хуб ҳис накардан ба об надароед;

- қаъри обро санҷед, то ки чизҳои хатарнок ва партов надошта бошад;

- аз соҳил дур шино накунед;

- агар ба гирдоб афтед, худро аз даст надода, бо ҳамин маҷро шино карда, ба болои об бароед;

- зимни кашиши рагҳо тарзи шиноро тағйир дода, ба соҳил бароед;

- оббозӣ пас аз 1,5 соати истеъмоли хӯроки зиёд тавсия дода мешавад;

- аз пулу сарбанд, истгоҳ ва қаиқҳо худро ба об напартоед;

- оббозӣ дар ҳолати мастӣ иҷозат дода намешавад;

- ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.

Ба фикри инҷониб, агар шумораи ҳавзҳои шиноварӣ зиёд карда нашавад, пас бешубҳа, ҳодисаҳои нохуш зиёд мегарданд, зеро ҷавонону наврасон дар фасли гармо қариб ҳар рӯз оббозӣ кардан мехоҳанд.

Умед дорем, ки дар ояндаи наздик, дар баробари боғҳои фароғатӣ, мавзеъҳои замонавии оббозӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»