Мудири фермаи гўсфандпарварии рақами 1-и участкаи Олимтои кооперативи тиҷоратии «Тебалай»- и ноҳияи Мўъминобод Зубайдулло Неъматовро дар баробари мутахассиси хуб будан, ҳамчун ободгар ва ташкилотчӣ аҳли деҳот мешиносанд ва хураматаш мекунанд. Корҳои хайру савобаш ўро миёни мардум соҳибэҳтиром гардондааст.
Маҳз бо ташаббуси Зубайдулло Неъматов муассисаи таҳсилоти асосии деҳа ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми табдил дода, ду маротиба таъмири асосӣ ва гирду атрофи муассиса бо симтур маҳкам карда шуд.
Деҳа сол аз сол калон мешавад, вале то солҳои наздик бунгоҳи тиббӣ надошт. Маҳз бо дастгирии ин марди хайрхоҳ барои духтури деҳа шароит муҳайё карда шуд. Айни ҳол дар деҳа бо дастгирии Зубайдулло Неъматов майдончаи варзишӣ амал мекунад, ки ҷавонон аз ин ниҳоят хушнуданд.
Дасти сахои ў ба камбизоатони деҳа низ мерасад.
Рустамхон АМИРОВ, ноҳия Мўъминобод