Дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона ба ҳашар баромада, дохил ва атрофи бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тозаю озода намуданд. Аз ҷумла, атрофи дарахтону гулу буттаҳои ороиширо нарм ва заминҳои мавҷударо барои кишти гулҳои рангоранг омода сохтанд, ҷӯйҳои обрави саҳни ҳавлиро рӯфта, дару тирезаҳои ҳуҷраҳоро тоза карданд.
Онҳо ба хотири риояи расму оини Наврӯзи аҷдодӣ, ки мақсад аз он ободкориву покизагист, ният доранд дар рӯзҳои истироҳатии минбаъда низ ин иқдомро идома бахшида, ба ҷашни дарпешистодаи пуршукӯҳи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба бинанд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ