Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Офтоб — энергияи тоза ва тамомнашаванда

№14 (4754) 29.01.2024

placas-solares-fotovoltaicasАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид намуданд, ки «бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000  мегаватт расондани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобию бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Дар ҳақиқат, неруи офтоб энергияи тоза, бузург ва тамомнашаванда мебошад. Истифодаи он ба муҳити зист, ҳаво, манбаъҳои об, саломатии одамон зарар надорад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки энергияи 18 рӯзи офтобӣ ба энергияи якҷояи тамоми захираҳои нефту ангиштсангу гази табиии сайёра баробар аст. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз ба як метри мураббаъ аз офтоб  муодили 4,2 киловатт /соат энергия  сарф мешавад. Ин рақам дар биё­бонҳои беабр 6 киловатт-соатро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, олимону муҳандисон барои самаранок истифода бурдани ин неруи ройгон кор бурда истодаанд.

Соли 1957 Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷаҳон нахустин радифи маснуъи Заминро, ки дар он ­батареяҳои офтобӣ насб шуда буд, ба  кайҳон баровард. Соли 1958 ИМА ин ком­ёбиро такрор намуд. Дар он вақт арзиши аслии як киловатт-соат энергияи тавассути батареяҳои офтобӣ истеҳсолшуда 500 долларро ташкил медод. Соли 1970, бинобар истифода бурдани масолеҳи   нисбатан арзон дар асоси кремний, арзиши аслии як киловатт-соати энергияи батареяҳои офтобӣ ба 100 доллар расид. Баъд аз се сол ин рақам 50 доллар шуд. Соли 1995 бошад, нишондиҳандаи мазкур ба 15 доллар расид.

Соли 1885 дар шоҳроҳи иёлати Калифорния 30000 телефон-автомат ва чароғакҳои атрофи роҳ пурра аз ҳисоби энергияи офтоб кор мекарданд. Баъдан, болои ист­гоҳҳои автобус панелҳои офтобӣ гузошта, неруи офтобро ба қуввваи барқ  табдил медоданд. Бо ҳамин дар ҷаҳон таваҷҷуҳ ба истифодаи энергияи офтоб афзуд.

Соли 1990 дар Германия ташаб­буси «2000 боми офтобӣ» оғоз шуд. Яъне, болои боми хонаҳоро аз самти ҷануб бо панелҳои офтобӣ (барои истеҳсоли неруи барқ) ва коллекторҳои офтобӣ (барои гарм кардани об) муҷаҳҳаз намуданд. Таҷрибаи мазкур дар муддати кӯтоҳ ҷонибдорони зиёд ёфт. Аз ин рӯ, дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ташаббуси «100000  боми офтобӣ» роҳандозӣ гардид. Япония бошад, дар муддати кӯтоҳ барномаи «70 000 боми офтобӣ»-ро амалӣ намуд. ИМА якбора ба амалисозии лоиҳаи «Як миллион боми офтобӣ» гузашт.

Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ба як қатор  мамолики рӯ ба тараққӣ низ рӯҳу илҳом бахшида, имкон дод, ки дар ин ҷода  муваффақ шаванд. Аз ҷумла, Муғулистон, ки то солҳои наздик аз норасоии барқ дучори  мушкилӣ буд, ташаббуси «100 000 юртаи офтобӣ»-ро роҳандозӣ намуд. Бартарии панелҳои офтобӣ барои Муғулистон дар он буд, ки хароҷоти кашидани хати барқу харидани симчӯбу трансформаторҳо аз байн рафт.

Соли 2020-ум 20 дарсади неруи барқи Марокаш тавассути панелҳои офтобӣ таъмин шуд, ки ин яке аз натиҷаҳои беҳтарин дар ин самт аст. Ҳоло бузургтарин неругоҳи офтобии ҷаҳон дар минтақаи «Нур-Уарзазат»-и Марокаш дар 3000 гектар ҷой гирифтааст.

Тарғиби истифодаи панелҳои офтобӣ ба  аҳолии Марокаш имкон дод, ки сол то сол хароҷот барои истифодаи неруи барқро кам кунанд, зеро панели офтобӣ дар 4-5 соли аввал хароҷоташро бароварда, 20 соли боқимонда ройгон неруи барқ медиҳад.

Ин гуна лоиҳаҳои дастгирии сокинони  камбизоати деҳот дар Бангладеш, Ҳиндус­тон, Хитой ва дигар кишварҳо низ амалӣ гардиданд. Ҳоло Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи офтобӣ ва ҳам  бодӣ дар ҷаҳон ҷойи якумро соҳиб аст. Нархи  панелу коллектор ва батареяҳои офтобию таҷҳизоти бодӣ низ дар Чин аз ҳама арзонтар мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар муддати нисбатан  кӯтоҳ таҷҳизоти офтобӣ маблағашро ҷуброн карда, ба харидор ройгон неруи барқ диҳад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нав­батиашон таъкид намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон  дар ҷойи шашум қарор дорад. Дар кишвари мо 98 дарсади истеҳсоли неруи барқ ба неругоҳҳои обӣ рост меояд».

Мувофиқи маълумоти Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон, дар як сол иқтидори гидроэнергетикии мамлакат 527 миллиард кВт. соат, нурафкании офтоб — 3х103 миллиард кВт. соат, энергияи  бод — аз 25 то 150 миллиард кВт. соат, энергияи  геотермалӣ — 450 миллиард кВт. соат ва энергияи биомасса – 2 миллиард кВт. соатро ташкил медиҳад. Истифодаи ҳадди ақали як қисми ин захираҳо имкон медиҳад, ки дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ беҳтар шуда, саноати мамлакат рушд намояд.

Академик Ҳаким Аҳмадов дар китобаш «Энергетикаи офтобӣ, ҳолат, имконоти истифодабарӣ ва дурнамои рушд» (Душанбе, 2007) навишта буд, ки: «Энергияи офтоб манбаи ҳаёт дар сайёра мебошад. Офтоб атмосфера ва сатҳи Заминро гарм мекунад. Ба шарофати неруи офтоб шамол вазида, гардиши об дар табиат ба вуҷуд меояд, баҳру уқёнусҳо  гарм мешаванд, рустаниҳо нашъунамо карда, ҳайвонот ғизо меёбанд. Маҳз ба туфайли нурафкании офтоб дар табиат сӯзишвориҳо ба вуҷуд омада, захира мешаванд. Энергияи  офтобро метавон  ба неруи барқ, гармкунӣ, салқинсозӣ, неруи  ҳаракатдиҳанда (гелиомобил, қатораю ҳавопаймо ва киштиҳои офтобӣ) табдил дод».

Олимони Институти физикаю математикаи АМИТ аз солҳои навадум то ин дам як қатор обгармкунакҳо, танӯрчаҳои офтобӣ, панели офтобӣ ва ғайраро ба таври намунавӣ сохта пешкаши хоҳишмандон  карда буданд. Тибқи лоиҳа дар як қатор деҳаҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Дарвоз, Дӯстӣ, Шаҳринав ва ғайра панелу обгармкунакҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки  солҳост ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Соли сипаришуда  бо ташаббусу дастгириҳои  Пешвои миллат дар маркази ноҳияи  баландкӯҳи Мурғоб неругоҳи офтобии иқтидораш 200 кВт ба истифода дода шуда, бунёди неругоҳи офтобии иқтидораш 600 кВт оғоз гардид.

Инчунин, дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлон гармхонаҳои  офтобӣ сохта шудааст, ки бо харҷи кам ҳосили фаровон медиҳанд.

Олимон ҳисоб кардаанд, ки агар сокинони сайёра ҳамагӣ 1 дарсади неруи аз Офтоб ба замин меомадаро самаранок истифода баранд, яъне тавассути панелҳо барқ ҳосил кунанд, бо ёрии коллекторҳо худро бо оби гарму гармии манзил таъмин намоянд, тавассути  гелиомобилу киштиҳо ва қатораю ҳавопаймоҳои офтобӣ ҳаракат кунанд, соле 1 триллион тонна сӯзишворӣ сарфа хоҳад шуд.

Танҳо дар ИМА дар 1,5 миллион боми хонаҳо  насб кардани панелу обгармкунакҳои офтобӣ боиси он гардид, ки соле сӯхтани 5 миллион тонна нефт пешгирӣ шавад.

Вобаста ба истифодаи неруи офтоб ҳамкорӣ бо кишварҳои мутараққӣ ва ҳамсояҳо дар самти сармоягузорӣ ва тадқиқоти илмӣ муфид аст. Чунончи, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб неругоҳҳои  офтобии иқтидори ҳар  кадомашон 100 мегаватт сохта шуд.

Агар мо ҳам тибқи барномаи мушаххас бо истифода аз дастовардҳои нави илмӣ ва таҷрибаи пешқадам ба бунёду насби таҷҳизоти офтобӣ оғоз намоем, дар муддати кӯтоҳ истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат афзуда, имкони содироти он бештар мешавад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»