Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар» муайян гардиданд

№91 (4674) 10.07.2023

DSC_6793Сеюми июли соли равон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳи бехатар» — 2023 ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин инъикоси фаъолияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаву шуъбачаҳои он дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат» муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло сазовори ҷои аввал шуд.

Рӯзноманигор Раҷаббек Илёсов дар номинатсияи «Беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ — тарғиботӣ дар мавриди технологияи муосири бехатарии нақлиё» ва лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ғолиб гардид.

Барои инъикоси фаъолияти Раёсати Боз­расии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тариқи расонаҳои иттилоотии электронӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиб шуд.

Инчунин дар номинатсияи «Беҳтарин гузоришҳо оид ба пешгирии бехатарӣ дар роҳҳо» муҳаррири рӯзномаи «Имрӯз нюс» Назири Нус­рат, «Беҳтарин гузориши телевизионӣ» Абдулло Муҳаммадиев ва «Инъикоси таъмини бехатарии роҳ байни наврасон ва кӯдакон» Асомиддин Шоназаров соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур инъи­коси фаъолияти мақомоти БДА, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, таъмини бехатарии пиё­дагардону велосипедронон, ронандагон ва мусофирон мебошад.

Аз рӯи маълумоти СММ, ҳар сол дар роҳҳои ҷаҳон 1 миллиону 300 ҳазор шахс қурбони садамаҳо шуда, то 50 миллион нафар маҷрӯҳ мегарданд. Ҳар чорумин марг дар садамаҳои нақлиётӣ ба пиёдагардону велосипедронон рост меояд. Барои ашхоси аз 5 то 29 — сола ҳодисаҳои нақлиётӣ хатари асосӣ барои ҳаёт ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар нақшаи глобалии «Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, 2021- 2030» омадааст, ки бояд фавт ва ҷароҳатбардорӣ дар ҳодисаҳои роҳу нақлиёт то соли 2030-юм 50 дарсад кам карда шавад.

Яке аз роҳҳои кам кардани садамаҳои нақлиётӣ тарғиби қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо тавассути воситаҳои ахбори омма мебошад. То соли 2030 қариб 70 дарсади аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард. Аз ин рӯ, талабот ба нақлиёт, алалхусус нақлиёти ҷамъиятӣ меафзояд. Бинобар ин, тарғиботро дар самти бехатарии ҳаракат дар роҳҳо бештар бояд кард.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»