Чаро тавозуни масъулият вуҷуд надорад?»
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мақолаи «Қонуншиканиҳои марбут ба замин. Чаро тавозуни масъулият вуҷуд надорад?»-ро, ки 3 сентябри соли 2020 дар рӯзномаи «Садои мардум» № 107 (4213) нашр гардидааст, баррасӣ намуд.
Тавре ки дар он омадааст, дар амалия ҳолатҳое ҷой доранд, ки бар асари хулосаи мусбати саҳван додаи идораҳои дигар, оид ба додан ва ё вобаста кардани қитъаи замин қарорҳое ба тасвиб расидаанд, ки баъдан боиси эътирозҳои прокурорӣ гаштаанд. Вале дар қабули қарорҳо оид ба замин аксаран кормандони мақомоти идораи замин гунаҳгор дониста шудаанд.
Бояд зикр кард, ки Кумитаи давлатӣ бобати иҷораи вазифаҳои ба зиммадошта дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин аз ҷумла, ошкор ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо, ҳар рӯз корбарӣ намуда истодааст.
Дар давоми соли 2020 аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти он дар маҳал 11798 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 11589 дастур дода шуд. Нисбат ба 10449 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5 128 940 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз ин 4 219 799 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардид.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 737 мавод ба прокуратура, 531 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани ҷарима ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуд, 9042 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф шудааст.
Дар ин раванд, ҳамкории давлатӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, дар рафти санҷишҳои муштарак натиҷаи хуб дод. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои хилофи қонун додани хулосаҳое, ки боиси бекор гардидани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо мегарданд, бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкориро ба роҳ монда, минбаъд низ бобати боз ҳам пурзӯр кардани фаъолияти назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва таъмини самараноку оқилонаи он кӯшиш ба харҷ медиҳад.
А. КАРИМЗОДА,
муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон