Ҳосил хуб, бозорҳо фаровон

№ 20.06.2016

Бинобар барвақт омадани баҳор ва мусоидии обу ҳаво ҷамъоварии мева ва дигар зироатҳои кишоварзӣ имсол барвақттар шурӯъ шуд. Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар тамоми минтақаҳои кишвар имрӯзҳо ҷамъоварии мева муташаккилона идома дошта, сездаҳуми июн 9873 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6096 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии мева асосан дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шурӯъ гардида, то имрӯз деҳқонони ин минтақаҳо мутаносибан 7766 тонна, 1663 тонна ва 444 тонна ҳосили боғотро ғун доштаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилояти Хатлон 4382 тона, вилояти Суғд 1642 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 72 тонна зиёд мева ҷамъоварӣ карда шудааст.

Соли ҷорӣ  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 29571 гектар кишти сабзавот гузаронида то сенздаҳуми июни 8433 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3158 гектар зиёд мебошад.

Сабзавоти ҷамъоваришуда 230337 тоннаро ташкил медиҳад,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94738 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 273,1 сентнер мебошад. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли пеш 16,1 сентнер зиёд аст.

Дар ҷумҳурӣ то имрӯз 183947 тонна пиёз, 7012 тонна карам,  1982 тонна  помидор, 20030 тонна сабзӣ ва 17366 тонна дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ шуда, баробари таъмини бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот шуд.

Ҷамъоварии ғалладонагиҳо низ муташаккилона идома дошта, то 13.06.2016 58439 гектари он даравида шудааст, ки 19 фоизро ташкил медиҳад.  Ҳосили  умумии ғалладонагиҳо185050 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127737 тонна зиёд мебошад.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз 1076 комбайни мавҷудбуда 452 — тои он мавриди истифода қарор дорад.

Фаровонии бозор ва муътадилии нархи ин маҳсулот гувоҳи он аст, ки парвариш ва истеҳсоли картошка низ дар кишвар хуб ба роҳ монда шудааст.

То 13 июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳосили картошка 54856 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29067 тонна зиёд мебошад.

Аз маълумотҳои пешниҳодшуда бармеояд, ки нисбат ба солҳои пешин ҳосилнокӣ хуб буда, ин омил боиси фаровонии бозорҳо ва муътадилии нархҳо мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»