Оё шаҳодатномаи таваллуд ройгон аст?

№94 (4514) 29.07.2022

КОЛЛАЖҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» 29 апрели соли 2006 таҳти №188 қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми он омадааст:

«Қонуни мазкур тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиб ва муҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, танзим мекунад».

Моддаи 3 «Асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ном дошта, асноди ҳолати шаҳрвандиро шарҳ медиҳад. Мувофиқи банди 1-уми моддаи мазкур, «асноди ҳолати шаҳрвандӣ  амали шаҳрванд ё ҳодисаест, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо гардида,  ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамоянд». Тибқи банди 2, таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз кардани ном, номи падар ва насаб, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, илова, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулки шаҳрвандон бо тартиби муқаррарнамудаи  қонуни мазкур  ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.

Моддаи 4 доир ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумот медиҳад. Аз ҷумла, банди 1-уми он мақсади бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандиро «ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият, аз ҷумла бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти омории пурра, дуруст ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрвандӣ» муқаррар кардааст.

Нофаҳмие, ки ҳоло миёни ҷомеа дар масъалаи сабти асноди шаҳрвандӣ вуҷуд дорад, супоридани боҷи давлатӣ ва ҳаққи хизматрасонӣ мебошад. Қонунгузорӣ гирифтани бланки шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро дар муддати то 3 моҳ баъд аз таваллуд ройгон муайян кардааст, вале аксарият гумон мекунанд, ки дар тамоми давраи ҳаёт гирифтани он чунин бошад. Муовини сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ифтихор Самадзода гуфт, ки дар самти сабти асноди шаҳрвандӣ 7 навъи сабт-таваллуд, бақайдгирии ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, сабти вафот, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ ва иваз намудани насаб, ном ва номи падар мавҷуд аст. Дар баробари ин, амалиёти дигар, ба мисли додани шаҳодатномаи такрорӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ғайра вуҷуд дорад. Номбурда зикр кард, ки ҳама навъи бақайдгирии асноди шаҳрвандӣ пардохти гуногун дошта, танҳо бланки шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, агар он дар давоми то се моҳи баъд аз таваллуд муроҷиат шуда бошад, ройгон аст.

Ҳамсуҳбатам иттилоъ дод, ки дар баробари пардохтҳои гуногуни хизматрасонӣ, ҳамчунин, иҷрои баъзе аз корҳо боҷи давлатӣ доранд. Масалан, ҳуҷҷатгузории никоҳе, ки як тарафи он шаҳрванди хориҷӣ бошад, бекор кардани ақди никоҳ, иваз кардани ному насаб, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва шаҳодатномаи такрорӣ бо супоридани боҷи давлатӣ амалӣ мешавад.

- Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи такрорӣ як нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ супоридан лозим меояд. Илова бар ин, 20 дарсади як нишондиҳанда барои ҳисобҳо пули бланк ва ҳаққи хизматрасонӣ супорида мешавад. Агар зарурати кофтуков ба миён ояд, барои ин кор 16 сомонии дигар пардохт карда мешавад, — зикр кард  Ифтихор Самадзода.

 Мувофиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022», аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 64 (шасту чор) сомонӣ муқаррар шудааст.

Арзиши як бланки ҳисоботи ­қатъии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 20 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуда, маблағи он ба суратҳисоби махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол мешавад.

 Дар сурати расонидани хизмат­расонӣ метавонад маблағи хизматрасонӣ барои чопи компютерӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳои САҲШ ва дигар ҳуҷҷатҳо илова шавад.

Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор (аз рӯи ҳар як навъи сабт) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 тасдиқ шудааст. Мувофиқи қарори мазкур, ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуд барои бланки тозаи намунаи аризаҳои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ 5 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3 сомонию 20 дирам) ва барои хонапурӣ намудани аризаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ 5 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад, ки 6 сомониву 40 дирамро ташкил медиҳад.

Ҳангоми бақайдгирии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар дар баробари супоридани маблағи бланки тозаи намунаи аризаҳои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хонапурӣ намудани аризаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, 25 дарсади як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 сомонӣ) илова мешавад. Агар синни кӯдак аз 16 гузашта бошаду зарурати кофтукови ҳуҷҷатҳо дар асоси китобҳои бойгонӣ ба миён ояд, боз 25 дарсади як нишондиҳанда барои ҳисобҳо илова мегардад.

Ҳамин тариқ, мувофиқи меъёрҳои қабулгардида, аз 1 сомонию 60 дирам то 262 сомонию 40 дирам супоридан лозим меояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»