Густариши ҳамкориҳои минтақавӣ

«Панҷгонаи Шанхай» — пояе дар таҳкими эътимод

№83 (3229) 30.07.2014

«Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар Созмони бонуфузи Ҳамкории Шанхай ба уҳда дорад.

Мусоидати беш аз пеш ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ дар  чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҳадафҳои асосии барномаи кории ҷониби Тоҷикистон ба сифати кишвари раисикунанда мебошад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014)

Масъалаи табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) чордаҳ сол қабл аз ин дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳангоми мулоқоти сарони давлатҳо (5 июли соли 2000-ум)  ба миён гузошта шуда буд. Дар ин ҳамоиш давлатҳои «Панҷгона» қарор доданд, ки  «Панҷгонаи Шанхай»-ро ба сохтори минтақавии ҳамкории ҳамаҷониба дар бахшҳои гуногун табдил диҳанд. Ҳамин тавр, дар асоси таҳкими эътимод ва коҳиши неруҳои низомӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ин созмон таъсис ёфт.

Ҳамоиши Душанбе дар раванди пайгирона пойдор намудани «рӯҳияи махсуси Шанхай» дар байни давлатҳои аъзои ин созмон, ки хусусияти асосии онро эътимод ба якдигар, баробарӣ, эҳтиром ба фарҳанги гуногун ва тамоюл ба рушди босуботи якҷоя ташкил медиҳад, нақши муҳим бозӣ  кард. Шаклгирии ин созмони минтақавии байналмилалӣ давра ба давра, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар рафти музокирот оид ба масоили марзӣ байни Гурӯҳи муттаҳидаи ҷумҳуриҳо, ки бо Ҷумҳурии Халқии Хитой марзи муштарак доранд, аз як тараф ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷониби дигар оғоз шуда буд. Ин музокирот асосан аз соли 1992 то соли 2000- ум идома ёфт. Соли 1997 аллакай асос барои ташаккули «Панҷгонаи Шанхай»- маҳфили сиёсии кишварҳои алоқаманд ба ҳалли масоили сарҳадӣ гузошта шуд. Маҳз дар заминаи ин маҳфили сиёсӣ, 15 июни соли 2001 Созмони Ҳамкории Шанхай арзи вуҷуд кард.

Як рӯз қабл, яъне 14 июни соли 2001, роҳбарони шаш давлат эъломияи муштарак содир  намуданд, ки дар он омодагии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ворид шудан ба «Панҷгонаи Шанхай» зикр шуда буд. Ҳамин тариқ, «Панҷгонаи Шанхай» ба «Шашгонаи Шанхай» табдил ёфт. Ин созмон  ба истиқрори сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадӣ мусоидат карда, ба муқобили се хатари асосӣ- терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгаройӣ таври қотеъона мубориза мебарад.

Мақсад аз иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 14-соли мавҷудияти СҲШ ҳамчун яке аз муассисони ин созмон ҳифзи сулҳу субот дар минтақа, муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва  силоҳ, дурнамои иштирок дар ҳамкориҳои минтақавии тиҷоратӣ- иқтисодӣ, ҷалби сармояи иловагии хориҷӣ ба бахши энергетикаи кишвар, имконоти азхудкунии муштараки сарватҳои табиӣ ва ғайра мебошад. Тавре директори Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар дар китоби илмӣ- тадқиқотии хеш -«Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай: субот ва шукуфонӣ» (Душанбе, соли 2014) ёдрас мешавад, дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратӣ- иқтисодии давлатҳои  аъзои СҲШ тарҳҳое дохил карда шудаанд, ки гурӯҳи махсуси кории Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда буд. Гурӯҳи махсуси  кории муштарак аз 53 тарҳи пешниҳоднамудаи ҷониби Тоҷикистон, бо дарназардошти афзалиятҳо, ба Нақша чор тарҳ дар соҳаи нақлиёт, шаш тарҳ дар соҳаи комплекси сӯзишворӣ- энергетикӣ, се тарҳ дар бахши комплекси агросаноатӣ, 13 тарҳ дар риштаи илму технологияи навро  дохил кард. Дар 27 тарҳи зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нақшаи мазкур ҳам кишвари иштирокчии муштарак ва ҳам иҷрокунандаи муштарак мебошад.

Вобаста ба торафт печида гаштани муносибати давлатҳои абарқудрат бо кишварҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон СҲШ мавқеъ ва фаъолияташро сол то сол такмил ва таҳким бахшида истодааст. Дар ин иртибот мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Остона, ки 5 июли соли 2005 барпо гардид, қобили зикр аст. Дар ин мулоқот Консепсияи мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ, ифротгаройӣ ва Низомномаи намояндагони доимии давлатҳои аъзои СҲШ дар сохтори минтақавии мубориза бо терроризми СҲШ тасдиқ гардид.

Баъд аз тасдиқи Низомномаи мақоми нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, 17 июни соли 2004, дар бораи ба Муғулистон додани мақоми нозир дар СҲШ қарор қабул намуд.

5 июли соли 2005 дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои аъзои СҲШ барпо гардид, ки дар он бораи вогузор намудани мақоми нозир дар СҲШ ба Покистон, Эрон ва Ҳиндустон тасмим гирифта шуд. Баъдан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  низ мақоми нозир дар ин созмон дода шуд. Давлатҳои Беларус, Туркия ва Шри- Ланка ба ҳайси  шарикони муколама пазируфта шуданд.

Дар ин муддат барои фаъолияти муназзам ва судманд сохтори ин созмон ташкил ва такмил ёфт, ки феълан ба мақоми доимоамалкунанда табдил ёфтааст.

Фаъолияти он дар Хартияи Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 7 июни соли 2002 дар шаҳри  Санкт- Петербург ба имзо расидааст, аз 26 модда иборат аст. Ба ҳамин тартиб заминаи ҳуқуқӣ барои  созмони нави  байналмилалӣ гузошта шуд. Ин, ки СҲШ дар Ассамблеяи Генералии СММ мақоми нозирро дарёфт карда, робитаи ҳамкориро бо  Котиботи ИДМ ва АСЕАН барқарор намудааст, гувоҳи баланд шудани эътибор ва таъсиру нуфузи он дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Мақоми олии Созмони Ҳамкории Шанхай Шӯрои сарони давлатҳо мебошад, ки соле як маротиба ҷаласаи навбатиро баргузор  менамоянд.

Сохтори СҲШ дар китоби «Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай: субот ва шукуфонӣ»-и Худойбердӣ Холиқназар низ ҳамаҷониба таҳлил шудааст. Чунончӣ, Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) масъалаҳои асосии вобаста ба соҳаи иқтисодиро баррасӣ намуда, буҷети СҲШ-ро қабул мекунад.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои вобаста ба омода кардани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо ва анҷоми машварат дар доираи СҲШ оид ба проблемаҳои байналмилалиро баррасӣ менамояд. Дар сурати зарурат, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ метавонад аз номи СҲШ изҳорот содир намояд.

Мақоми дигари доимоамалкунандаи СҲШ сохтори минтақавии зиддитеррористӣ мебошад. Ин сохтор дар асоси Конвенсияи Шанхай дар мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва  ифротгаройӣ, ки 15 июни соли 2001 аз тарафи давлатҳои аъзои СҲШ имзо шуда буд, таъсис ёфтааст.

Котиботи СҲШ мақоми маъмурии доимоамалкунанда мебошад ва он чорабиниҳои амалишавандаро дар доираи СҲШ танзим ва аз нигоҳи техникӣ таъмин менамояд. Котиби иҷроия роҳбари Котибот мебошад, ки аз ҷумлаи шаҳрвандони давлатҳои аъзо ба муҳлати се сол, бе ҳуқуқи тамдид, таъин шуда, аз рӯйи  алифбо ва номи давлатҳои аъзо барои се соли оянда бо навбат таъин мешавад.

Дар робита ба узвият дар СҲШ дар моддаи 13 Маншур (Хартия) чунин омадааст: «Созмони Ҳамкории Шанхай барои узвияти давлатҳои дигари минтақа дар ин созмон, дар сурате ки онҳо уҳдадор мешаванд, ҳадаф ва усулҳои Маншур (Хартия)-и СҲШ, ҳамчунин нукоти дигари қарордодҳои  байналмилалӣ ва асноди қабулшуда дар доираи Созмони Ҳамкории  Шанхайро риоя менамоянд, боз аст».

Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ бо пешниҳоди Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ муроҷиати расмии давлатҳои алоқамандро баррасӣ ва дар бораи қабули узви нав ба СҲШ қарор қабул менамояд. Мувофиқи моддаи 20 Хартияи СҲШ забони расмии СҲШ забонҳои русӣ ва хитойӣ мебошанд.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Созмони Ҳамкории Шанхайро бар уҳда дорад ва соли 2014 ҷаласаи сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»