Пардохти ғайринақдӣ тавсеа меёбад

№88 (4671) 30.06.2023

b3c0613df84cff7b0ef07f1b232f16692Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1-уми августи соли равон пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маб­лағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизмат­расониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд — хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Мувофиқи он Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ бояд инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1-уми августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд.

Мудири филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод Баҳодур Юнусӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тав­сеаи пардохти ғайринақдӣ чунин гуфт:

- Филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод дорои ҳафт маркази хизматрасонӣ мебошад. Маркази хизматрасонии №114 дар Ҷамоати шаҳраки Файзобод, №144 дар деҳоти «Меҳробод», №145 дар деҳоти «30-солагии Истиқлол», №146 дар деҳоти «Вашгирд», №147 дар деҳоти «Қалъаи Дашт», №149 дар деҳоти «Бӯстон» ва № 150 дар деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев фаъолияти густурда доранд. Миёни аҳолӣ моҳияти пардохти ғайринақдиро ташвиқ кардем, ки он натиҷаи дилхоҳ ба бор овард.

Тайи чанд соли охир бо дастгирии роҳбарияти КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мушкилоти ҷойдошта дар самти хизматрасонии бонкӣ бартараф гардид. Ҳоло дар ноҳия зиёда аз 17 ҳазору 300 кас соҳиби кортҳои пардохтӣ буда, аз ин теъдод 7 ҳазору 125 нафарашон нафақахӯрон мебошанд. Барои сари вақт даст­рас намудани маош ва нафақапулиҳо дар марказҳои савдо, дорухонаҳо, беморхона ва марказҳои саломатии маркази ноҳия ва деҳоти он 45 POS-терминал ва 10 QR рамзҳои «Амонатбонк» насб шуда, 330 намуди пардохтҳои давлатиро қабул мекунанд. Инчунин, 107 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии ноҳияи Файзобод бо барномаи «Интернетбонкинг» пайваст гардида, дар маҷмӯъ, беш аз 50 фоизи аҳолии ноҳия бо кортҳои пардохтӣ таъминанд.

Роҳбарият ва кормандони Филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки то 1-уми августи соли равон тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатиро ғайринақдӣ ба роҳ монанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»