Пешгӯйии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти Тоҷикистон нек аст

№5 (3485) 12.01.2016

 Бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа соли 2015 дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ноил шуд, ки рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоиро тибқи ҳадафҳои афзалиятноки худ таъмин намояд. Дар ин давра Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ афзоиш ёфта, даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли пешин зиёд шуданд. Дар ин росто, чораҳои сари  вақт андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шавад.

Яке аз ташкилотҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ — Бонки Умумиҷаҳонӣ дар гузориши худ, ки охири соли гузашта нашр шудааст, рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2016-ум  4,8 фоиз пешгӯйӣ намудааст. Дар гузориши фавқ ҳамчунин зикр шудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2015 ба 4,2 фоиз баробар будааст. Дар идомаи гузориши ин ниҳоди муътабари молиявӣ омадааст, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2017 ва 2018 низ таври муътадил — 5,5 фоиз рушд хоҳад кард. Дар баробари ин, гузоришгарон таъкид кардаанд, ки иқтисоди Федератсияи Россия дар соли ҷорӣ 0,7 фоиз коҳиш меёбад ва ин раванд ба иқтисодиёти ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон ва Қазоқистон таъсири манфӣ мерасонад. Муаллифони гузориш соли 2015-ро барои иқтисоди ҷаҳон «соли ноумедкунанда» ва соли 2016-ро «соли хатарнок» арзёбӣ намудаанд.

Нуктаҳои гузориши мазкур собит намуданд, ки иқдомоти амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки ба бахши иқтисодиёт рабт доранд, муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир буда, натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»