Якшанбеи дуюми сентябр - Рӯзи роҳсозон

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ аст

№110 (3904) 08.09.2018

РемонтДар тӯли 27 сол дар мамлакат корҳои зиёд амалӣ гардиданд, ки таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ буданд. Аз ҷумла, ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар  аст, роҳу пулҳо ва нақбҳо сох­та шуданд ва робита миёни минтақаҳои кишвару мамлакатҳои ҳамсоя таъмин гардид. Ин дар ҳолест, ки пештар қариб шаш моҳ робитаи заминии қисматҳои алоҳидаи кишвар бо марказ канда мешуд.

Тавре муовини сардори Раёсати сохт­мон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эгамбердӣ Хоҷаев иттилоъ дод, дар партави амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаи алоқаи нақлиётии ҷумҳурӣ аз як сохтори маҳдуди дохилӣ раҳо гардид.

Бино ба гуфти ӯ, бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз соли 2000 лоиҳаи зиёди инвеститсионӣ оид ба сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ татбиқ шудааст, ки роҳҳои автомобилгарди Мурғоб — Қулма, Шоҳон — Зиғар (марҳилаҳои 1, 2, 3), Шкев – Зиғар, Душанбе — Қӯрғонтеппа — Данғара – Кӯлоб, Дӯстӣ — Панҷи Поён (марҳилаҳои 1 ва 2), Душанбе — сарҳади Қирғизистон (марҳилаҳои 1, 2, 3), Душанбе – Чанак – сарҳади Ӯзбекис­тон, Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ (марҳилаҳои 1, 2), Душанбе – Данғара (марҳилаҳои 1, 2, 3), Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон, Айнӣ — Панҷакент — сарҳади Ӯзбекистон, Рашт — Навобод, пулҳои болои дарёи Сурхоб (деҳаи Янғолиқи ноҳияи Рашт), дарёи Сурхсангов (ноҳияи Ванҷ), пулҳои байналмилалии байни Тоҷикис­тону Афғонистон (ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Шӯрообод, Панҷи Поён, шаҳри Хоруғ, нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ», «Дӯстӣ», «Шаҳрис­тон», «Хатлон» ва ғайраро дар бар мегирад.

Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки соли 2017 лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин — Шоҳон, роҳи автомобилгарди Восеъ — Ховалинг ва асфалтхобонии қабати 2-и қитъаи роҳи автомобилгарди Сайрон — Қарамиқ амалӣ гардиданд.

Ҳамчунин, соли 2017 ба бунёду азнавсозии қитъаҳои А (Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин) ба маблағи 51,1 млн. доллари ИМА бо дарозии 32 км ва F (Шкев — Қалъаихумб)-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб ба маблағи 46,6 млн. доллари ИМА бо дарозии 26 км оғози расмӣ бахшида, санги асос гузошта шуд. Айни ҳол, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду қитъаи зикршуда корҳои омодагӣ рафта истодааст.

Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳаҳои сармоягузории таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Хуҷанд — Исфара» ба маблағи 54 млн. доллари ИМА, «Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (қитъаи чорроҳаи шаҳраки 82)» ба маблағи 36,949 млн. доллари ИМА, «Душанбе — Қӯрғонтеппа» (марҳилаи 1) ба дарозии 33 км, Душанбе — Турсунзода, сохтмони чорроҳа дар назди пайкараи Абӯалӣ ибни Сино ва таҷдиди роҳ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (ғайр аз чорроҳаи шаҳраки 82) ва Кангурт – Балҷувон — Ховалинг ба дарозии 43 км идома доранд.

Алҳол оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ (сохтмони 18 пул дар ноҳияҳои ВМКБ)» ба маблағи 20,0 млн. доллари ИМА корҳои омодагӣ рафта истодааст. Лоиҳаи «Барқарорсозии қитъаи 347 км роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма (мавзеи Ширговади ноҳияи Дарвоз)» ба маблағи 2 млн. доллари ИМА, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дид, ба анҷом расид.

Имрӯзҳо барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1388 нафар мутахассису коргар ҷалб шудаанд, ки 1058 нафари он (76%) шаҳрвандони мамлакат мебошанд.

Ҳамин тариқ, дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ бо сохтмон, таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 км роҳ, 200 пул, 5 нақб ба дарозии 31 км, 21 долони зиддитармавӣ ба дарозии 3440 м/т ҷумҳурӣ ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил шуд. Акнун роҳҳои ободу ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ аз маркази кишвар то хатти сарҳад ба ҳама самт тӯл кашидаанд ва мардум бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватан пайи кору рӯзгор осудаву оромона умр ба сар мебаранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»