Рашт. Табиат боз харобкорӣ кард

№105 (3585) 09.08.2016

123Шаби 28 июли соли равон дар деҳаи Ялдамичи деҳоти «Қалъанак»-и ноҳияи Рашт баъди боридани борони шадид сел фуромад.

Тавре дар суҳбат сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Рашт подполковник Шодмон Ғиёсов иброз дошт, субҳи барвақти 29  июл бо қарори раиси ноҳия ситоди фаврӣ ташкил шуда, баҳисобгирии хисороти расида идома дорад. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, сел ду пули мошингузари байни деҳа ва чор хонаи истиқоматиро тамоман хароб намудааст. Ҳамчунин, 10 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 15 бинои ёрирасон нимвайрон шуда, 12 чорвои калон ва як миқдор моли майда ба коми сел рафтаанд. 1,5 километр роҳи мошингарди байни деҳа зери сел мондааст. Хатти оби нӯшокӣ ва хатҳои таъмини неруи барқ дар ин мавзеъ пурра канда шудааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.

Бо ибтикори раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо Холиқ техникаҳои зарурӣ ба ҷойи ҳодиса оварда шуданд. Бо дастгирии сокинони деҳа тоза кардани селпартоҳо идома дорад. Сокинони ин қисмати деҳа ба ҷои бехавф кӯчонда шуданд.

Худи ҳамон рӯз раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-лейтенант Назарзодаи Рустам ба ҷои ҳодиса омад. Бо вазъият аз наздик шинос шуда,  ба масъулин барои зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастуру супоришҳои зарурӣ дод.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ