Шарҳи қонун

Рушди босубот ва инноватсионии саноат ҳадафи асосист

№92 (3729) 02.08.2017

DSC_0357Чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мавриди амал қарор гирифт. Дар робита ба ин суҳбате доштем бо Хисрав Абдуназар – яке аз муаллифони он, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Чаро қонун «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ном гирифт?

- Дар номи қонун истифода шудани ибораи «сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» далели муҳимият ва мавқеи калидӣ доштан аст. Ба таври дигар гӯем, сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат — маҷмӯи чораҳои таъсиррасонии давлатиро ба фаъолият дар соҳаи саноат, ки ба рушди мутаносиб ва устувори иқтидорҳои саноатӣ, таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ғанигардонии бозори истеъмолӣ равона шудаанд, дар бар мегирад.

Ҳадафу вазифаҳои ин сиёсат, ки дар қонун муқаррар шудаанд, аз рушди босубот ва инноватсионии саноат, афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат, гузариш аз тавлиди ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити баробар ва рақобатпазирӣ ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоте, ки ҳиссаи калони арзиши изофа дорад ва дастгирӣ намудани содироти чунин маҳсулот, ҳавасмандгардонии татбиқи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, азнавкунии техникии иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъмини бехатарии саноатӣ, дастгирии истифодаи оқилона ва самараноки иқтидорҳои биоиқлимии кишвар, захираҳои гидроэнергетикӣ ва сарчашмаҳои алтернативии энергия ва ғайра иборат мебошанд. Ҳамчунин, қонун намудҳои дастгирии давлатии ­субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро, ки аз маблағгузорӣ дар шакли грантҳо, ҷорӣ намудан ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, пешниҳоди қарзҳо ҷиҳати мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва

- Ҷавобгӯйи талабот набудани дастгирии соҳа, тақвият бахшидани раванди мавҷуда, фароҳам намудани заминаи мукаммали қонунгузорӣ. Кадоме аз инҳоро метавон омили рӯи кор омадани қонун арзёбӣ намуд? ғайра таркиб ёфтаанд, мушаххас менамояд.

- Аз сабабҳое ки зикр шуд, тақвият бахшидани раванди мавҷуда, фароҳам намудани заминаи мукаммали қонунгузорӣ омили таҳрикбахши қабули қонун маҳсуб мешаванд. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, самти афзалиятноки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки бо ин мақсад тадбирҳои зиёде амалӣ шудаанд. Масалан, бо мақсади роиҷ будани равобити мустақим миёни давлат ва бахши хусусӣ ва тавассути он гузаронидани ислоҳоти зарурӣ, барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватаниву хориҷӣ ва шарикони рушд шомил мебошанд. Иқдоми дигари ба дастгирии соҳибкорон рабтдошта қабули «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» мебошад, ки баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар татбиқ мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки: «Шумо — соҳибкорону сармоягузорон қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон мебошед». Ҳамчунин, бо ибтикори Ҳукумати кишвар, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам намудани фазои мукаммали ҳуқуқӣ дар ин бахш хеле фаъол буду ҳаст. Дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 100 қонуни амалкунанда ва қабулу ҷонибдории қонунҳои нав Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гардида, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражи хориҷиро ба тасвиб расонид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар тавонистанд дар муддати кӯтоҳ қонунгузории кишварро такмил дода, ба ин васила, ҷиҳати навсозии истеҳсолот, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва тақвияти ҳамкориҳои давлат заминаи мусоид фароҳам созанд. Қонунҳои аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қабул ва ҷонибдоригардида боис шуданд, ки ташкили фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми «Равзанаи ягона» ба роҳ монда, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то ба 5 рӯз кам карда шавад.

Ҳамчунин, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва кам кардани шумораи иҷозатҳо ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшида, дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ шуд. ҳоло субъектҳои соҳибкорӣ метавонанд эъломияҳоро ба тарзи электронӣ пешниҳод намоянд, ки ин боиси сарфаи вақт ва хароҷоти онҳо мегардад.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорон тавассути муҳайё гардонидани захираҳои молиявии имтиёзнок соли 2013 Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» таъсис ёфт. Ба сармояи фонд дар чор соли оянда то як миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Умуман, дар ҳашт соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба соҳибкорони хурду миёна беш аз 800 миллион сомонӣ маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзнок ҷудо шудааст.

- Муқаррароти дигари қобили таваҷҷуҳи қонун моддаи 15 — «Дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ» маҳсуб мешавад…

- Дуруст. Муқаррароти мазкур идомаи мантиқии дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагон буда, аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза аст. Тибқи он ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дода мешавад.

Ба ғайр аз ин, афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дар мавриди мувофиқати он ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ низ зоҳир мешавад.

- Тибқи талаботи моддаҳои 9 ва 12 таъсиси Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат ва Фонди рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Сохторҳои мазкур чӣ рисолат доранд?

- Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ин ниҳод оид ба рушди соҳаи саноат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ тавсияю пешниҳод омода карда, баҳисобгирӣ, таҳлил ва ҷамъбасти пешниҳодҳои субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро оид ба мас­ъалаҳои рушди соҳаи саноат амалӣ менамояд. Ғайр аз ин, маълумотро оид ба вазъи саноат таҳлил мекунад, пешниҳоду тавсияҳоро оид ба қабули чораҳои зарурӣ, аз ҷумла нақша, лоиҳа, консепсия, дурнамо, барнома ва пешгӯйиҳои рушди сано­ат таҳия менамояд ва номзадии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро, ки барои гирифтани кумаки давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод шудаанд, қаблан баррасӣ менамояд, оид ба мувофиқати онҳо ба талабот ва индикаторҳои муқарраршуда хулоса медиҳад.

Фонди рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, Тартиби амалишавии дастгирии молиявии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар маҷмӯъ, мақсади асосии фонд дастгирии молиявии ­субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат барои амалисозии ­лоиҳаҳо мебошад.

- Дар баробари салоҳиятҳои Ҳукумати мамлакат ва сохторҳое, ки дар бораашон маълумот додед, табиист, ки дар қонун ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи саноат мушаххасанд?

- Бале. Агар ваколатҳои мақомоти зикршударо гурӯҳбандӣ намоем, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин самт, таъмини иҷрои дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла барномаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда, таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои дигар оид ба вазъи соҳаи саноат, инъикос намудани онҳо дар ҳисоботи ҳарсолае, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ташкил ва таъмини фаъолияти системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи саноат ва ғайра ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи саноат аз таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллии рушди саноат ва инфрасохтори он, дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти устувори онҳо, пешниҳод намудани маълумот ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат оид ба захираҳои меҳнатӣ ва талабот ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба ҷалби сармоягузорӣ барои рушди соҳаи саноат, инчунин фурӯши молҳои саноатии ватанӣ, истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

 Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»