Сӯзишворӣ чаро қимат шуд?

№95 (3241) 12.08.2014

Тавре маълум аст,  вақтҳои охир болоравии нархи маводи сӯхт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба назар мерасад. Ба хотири муайян кардани сабаби гарон шудани нархи он, ки ба болоравии нархи дигар маҳсулот низ боис мегардад, ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Аз Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, ки нимаҳои дуюми моҳи июни соли 2014 инҷониб афзоиши нархи маҳсулоти сӯзишворӣ дар корхонаҳои коркарди нафти Федератсияи Россия ба мушоҳида мерасад. Айни замон, нархи ин маҳсулот дар қиёс ба моҳи июни соли ҷорӣ то 18 фоиз баланд гардидааст, ки ин бевосита ба ташаккулёбии нархи яклухт ва чаканаи он дар бозори дохилии ҷумҳурӣ таъсири худро мерасонад.

Бино ба гуфти масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ агар нархи фурӯши як тонна бензини навъи АИ – 92 дар корхонаҳои коркарди нафти Омск ва «Салаватнефтеоргсинтез» бо шарти таъмини «DAP Хуҷанд» дар моҳи январи соли 2014  мутаносибан 729-730 доллари ИМА ва дар моҳи июн 790 -799 доллари ИМА-ро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда дар моҳи июл мутаносибан то ба 945-949 доллари ИМА афзоиш ёфтааст.

Нархи сӯзишвории дизелӣ низ дар ин давра ба таври назаррас боло рафта,  дар моҳи июл то ба 914 доллари ИМА афзоиш ёфт. Ҳол он ки ин рақам дар моҳи январи соли 2014-ум 820 ва  дар моҳи июн 849 доллари ИМА – ро ташкил медод.

Ҳамчунин иттилоъ гирифтем, ки аз тағйирёбии нархи фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар корхонаҳои коркарди нафти Федератсияи Россия ва номутаносибии рафти иҷрои тавозуни индикативӣ  эҳтимоли афзоиши нархи фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ, аз ҷумла як литр бензини навъи АИ-95 дар аввалҳои моҳи августи соли 2014 аз 5,60 сомонӣ (ҳисоби миёнаи моҳҳои июн ва июл) то ба 6,30 – 6,50 сомонӣ, бензини навъи АИ-92 аз 4,90 — 5,10 сомонӣ то ба 5,60- 6 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,60 – 5,70 сомонӣ то ба 5,80-6,20 сомонӣ дар назар аст.

Яке аз сабабҳои гароншавии нархи маводи сӯхтро дар корхонаҳои коркарди нафти Федератсияи Россия масъулин дар садама ва сӯхтори Корхонаи коркарди нафти Ачинскии кишвари Красноярск арзёбӣ карданд. Вобаста ба садамаи мазкур нархи маҳсулоти сӯзишворӣ яку якбора дар биржаи молу ашёи Санкт – Петербург афзоиш ёфта, нархи фурӯши яклухти як тонна бензини АИ-92-и истеҳсоли корхонаҳои коркарди нафти Омск, Уфа ва Москва аз 36,0 ҳазор рубл (ба санаи 11 июни соли 2014) то ба 38,3-38,7 ҳазор рубл (ба 1 июли соли 2014) боло рафтааст.

Бино ба гуфти сардори Раёсати танзими монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидалӣ Зарифов зиёда аз 90 фоизи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз Федератсияи Россия ворид мешавад.

Ш. АТОБУЛЛО, «Садои мардум»