21-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «ВАО- инъикосгари асосии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон» доир гардид.
Муовини якуми раиси кумитаи мазкур Ҳабибулло Амирбекзода доир ба имконияти васеи ВАО дар масъалаи тарѓибу ташвиқи захираҳои сайёҳии кишвар суханронӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон кишвари биҳиштосо буда, мавзеъҳои зиёди тамошобоб дорад. Аз ин рӯ, мо на танҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, балки ҷалби сайёҳони дохилӣ низ бояд чораҷӯйӣ намоем. Дар ин самт воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ саҳми назаррас гузошта метавонанд.
Мавсуф аз сафарҳои кориаш ба давлатҳои хориҷа ёдовар шуда, иброз дошт, ки дигар давлатҳо мисли кишвари мо чандон мавзеъҳои тамошобоб надошта бошанд ҳам, рӯзноманигорон ва мутахассисону рекламасозон тавре корҳои тарғиботиро ба роҳ мемонанд, ки дар дили ҳар нафар орзуи сафар ба ин мамлакатҳо ба вуҷуд меояд. Амирбекзода гуфт, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамагӣ якуним сол боз фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, шояд дар фаъолияти он камбудиҳо ҷой дошта бошанд. Ҳоло дар робита ба соҳаи сайёҳӣ чанд санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳияву қабул шудааст ва кор дар ин самт ҳанӯз идома дорад.
Ӯ рӯзноманигоронро даъват намуд, ки захираву имконоти соҳаи сайёҳиро пайваста муаррифӣ ва одоби меҳмондориро талқин кунанд. Зеро, сайёҳ шурӯъ аз зинапояи тайёра, муносибати мизбонро нисбат ба худ баҳогузорӣ менамояд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»