Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон ва таъкид карданд, ки роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави кор бояд фаъолиятро вусъат бахшанд ва ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд. Тавре мушоҳида мешавад, масъулони ноҳияи Восеъ баҳри дар амал татбиқ намудани ин дастури Пешвои миллат камари ҳиммат бастаанд.
- Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда, дар ноҳияи Восеъ то соли 2021 бояд 22 корхонаи истеҳсолии саноатӣ бунёд карда, мавриди истифода қарор дода шавад, — изҳор дошт раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло.
- Соли 2019 ҳафт корхонаи саноатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуд. Алҳол аз ҷониби соҳибкорон сохтмони ду корхона — корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ ва коргоҳи истеҳсоли шифер ба итмом расидааст. Рӯзҳои наздик ҳар ду корхона ба истифода дода хоҳанд шуд. Таҷҳизоти корхонаҳо аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид гардида, 150 нафар соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд гашт, — гуфт ӯ ва афзуд:
- Саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додаем. Зеро танҳо бо ин васила метавон бозори дохилиро бо молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин сохт. Ҳоло корҳои ободонию бунёдкорӣ дар дигар самтҳои хоҷагии халқи ноҳия низ босуръат идома доранд. Аз ҷумла, хиёбони Восеъ бо тарҳи муосир навсозӣ ва барои қабули меҳмонон пурра омода мешавад.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»