Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст мешавад

№100 (3085) 05.08.2013

Бисту шашуми июли соли равон бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Муҳокимаи натиҷаҳои татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 ва муаррифии Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» мизи мудаввар баргузор гардид.  Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод зимни сухани ифтитоҳияш зикр кард, ки дар натиҷаи татбиқ кардани Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 сатҳи камбизоатӣ то 38 дар сад поин рафт. Номбурда дар идома гуфт, ки дар ҳолати татбиқи пурраи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» дар назар аст, ки сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст карда шавад.  Ғайр аз ин, масъулин иброз доштанд, ки мақсади баргузории мизи мудаввар ба хотири ҳамкориҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, зеро фарқи стратегияи навбатӣ аз стратегияҳои қаблӣ дар он аст, ки дар ин стратегия фикру ақидаҳои шаҳрвандон низ ба инобат гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»  соли 2012 қабул шуда, бо маблағи 30 миллиард сомонӣ татбиқ мегардад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»