Шарикии стратегии Тоҷикистону Россия назаррас арзёбӣ гардид

№151 (3945) 20.12.2018

Чордаҳуми декабри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия — кафили рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ» суҳбати гирди миз доир гардид, ки дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносону олимони тоҷик ва рус иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зикр кард, ки ҳамкорӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа мусоидат мекунад. Ӯ диққати иштирокчиёнро ба се самти асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия — тиҷоратию иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб карда, гуфт, ки самтҳои зикршуда барои шарикии стратегӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд ва ҳоло дар сатҳи хеле хуб қарор доранд.

Дар чорабинӣ сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, роҳбари созмони ҷамъиятии «Дӯстони Россия» Абдулло Ҳабибов, сардори Раёсати макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Расулов, намояндаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Назармамад Гулмамадов ва дигарон вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва ҳарбӣ-сиёсии Тоҷикистону Россия суханронӣ карданд.

Зикр гардид, ки миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд ва ҳадаф бояд ёфтани роҳҳои нави густариши ҳамкориҳои дуҷониба бошад.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»