«Шифо»-и беморон

№3 (3640) 12.01.2017

ШифоТабиати Тоҷикистони азизи мо шифохонаро мемонад. Обҳои рӯҳбахши мусаффо, ҳавои дилкаш ва минтақаҳои дилфиреби он ба кас  ҳаловату неруи тоза мебахшад. Истифодаи оқилонаю самарабахш аз чунин неъматҳои Худодод метавонад боиси солимӣ ва шуҳрати Ватан гардад. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷию оромӣ шахсони кордону боҳиммат баҳри ободонии гӯшаҳои гуногуни диёр ва дастраси умум гардонидани сарватҳои зиёду неъматҳои он саҳмгузорӣ менамоянд. Бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардони баландҳиммат дар соҳили обанбори Қайроққум (Баҳри Тоҷик) як қатор осоишгоҳу табобатгоҳҳо  мавриди истифодаи умум қарор доранд. Корхонаи воҳиди давлатии осоишгоҳи «Шифо», мансуб ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат аз зумраи онҳо мебошад.

- Ҳар сол дар осоишгоҳи «Шифо» беш аз се ҳазор сокини шаҳру навоҳии мамлакат ва шаҳрвандони хориҷӣ табобат гирифта, саломатии хешро барқарор менамоянд. Дар ин ҷо барои беҳбуд бахшидан ба саломатӣ ва истироҳат шароитҳо муҳайё аст, — гуфт сардухтури осоишгоҳ, номзади илми тиб, Шарифҷон Абдуллоев.

Осоишгоҳи «Шифо» феврали соли 1988 дар базаи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» таъсис ёфта, алҳол ҳамчун маҷмааи саломатӣ фаъолият менамояд. Дар бинои сеошёна ва хонаҳои алоҳидаи он дар як навбат то 150 нафар ба табобат ва фароғат фаро гирифта мешавад. Барои хизматрасонӣ ба мизоҷон шахтаи сунъии намакӣ (галокамера), ҳуҷраҳои табобат бо асбобҳои барқӣ, лой, гиёҳдармонӣ, маҳс, сӯзандармонӣ ва ғайра амал мекунанд. Мавлуда Ёрматова, Насиба Ҷумъаева, Гулчеҳра Сотиболдиева, Елена Ситсикова, Замира Мадаминова аз зумраи кормандони собиқадору пуртаҷрибаи дармонгоҳ мебошанд. Дар маҷмӯъ, кормандони осоишгоҳ саъй мекунанд бо мизоҷон хушмуомила бошанду вазифаи хешро самимона ба ҷо оранд. Зимни суҳбатҳои алоҳида бо бошандагони осоишгоҳ мо ба ин хулоса омадем.

Аз ҷумла, духтури КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент Мурод Назаров  ва ронандаи КМ «Зарафшон» Мирбадал Холов  иброз доштанд, ки дар осоишгоҳ хизматрасонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд пешниҳод мешавад. Хӯрокҳои дар ошхонаи тозаю озода пешкаш мешуда болаззатанд ва барои бошандагон дар ҳуҷраҳои дамгирӣ тамоми шароит муҳайё аст. Ҳамчунин, мавриди зарурат ба беморон ёрии аввалияи тиббӣ расонида мешавад. Темур Назиров – сокини ноҳияи Зафаробод, ки  духтур (дандонпизишк) аст, ин гуфтаҳоро тасдиқ карда, аз он ки табобати дар ин ҷо гирифтааш барояш хеле манфиатовар буд, хурсанд аст. Бобои Шарофиддин ба синни 76 даромадааст ва чанд маротиба аст, ки аз шаҳри Истаравшан барои барқарор кардани саломатиаш ба «Шифо» меояд.

- Ният дорем, ки доираи табобату истироҳати мизоҷонро васеъ намоем. Ба наздикӣ усули обдармониро ба роҳ мемонем. Таъмиру тармими бино ва иншооти алоҳидаи дохили осоишгоҳ, ташкили сайру саёҳат барои истироҳаткунандагон, машғулиятҳои дигари фароғатӣ аз ҷумлаи нақшаҳои мо дар ояндаи наздик мебошад, — мегӯяд Шарифҷон Абдуллоев.

 Б. Каримзода, «Садои мардум»