Шиносоии Сарвазир бо корҳои бунёди қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа

№113 (3414) 24.08.2015

21 августи  соли 2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои бунёди қитъаи Ваҳдат — Ёвони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа шинос шуд.

Рафти бунёди қитъаи ин роҳи муҳим дар мадди назари аввали роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамарӯза барои  сари вақт  ба анҷом  расонидани татбиқи ин лоиҳаи дорои аҳамияти муҳим аз ҷониби мутахассисону роҳсозон талошҳои зиёд  ба харҷ дода мешавад.

Хотиррасон бояд кард, ки дарозии ин қитъаи роҳи оҳан 40,7 км буда,  панҷ пул ва се нақби бузургро дар бар мегирад.

Сарвазири мамлакат дар маҳали бунёди нақбҳои асосии бузург ва пулҳо бевосита бо ҷараёни корҳо шинос шуда, онро қаноатбахш арзёбӣ кард.

Тавре таъкид шуд, то имрӯз лоиҳаи кории нақбҳо аз ташхиси давлатӣ гузашта, лоиҳаи пулҳои ин қитъаи роҳ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар нақбҳои якум, дуюм ва сеюми лоиҳа мутаносибан дар масофаҳои 422, 173 ва 123 метр нақб омода шудааст ва рӯзҳои наздик бунёди кӯпрукҳо низ оғоз карда мешавад.

Ҳоло барои бунёди қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон корҳо дар ду баст ба роҳ монда шудааст ва 406 нафар ба корҳои бунёди роҳ ва нақбу пулҳо ҷалб гардидаанд. Шумораи мошину механизмҳо 155 ададро ташкил медиҳанд ва баробари шурӯи корҳои заминӣ дар бунёди пулҳои асосии лоиҳа миқдори мошину механизмҳои  корӣ афзун карда мешавад. Бо мақсади иҷрои босифат ва саривақтии татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон ҳамкории фармоишгар — Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо ташкилоту идораҳои сохтмонии ватанӣ ва ширкату иттиҳодияҳои роҳсоз аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар корҳои бунёди роҳи оҳан зиёда аз даҳ ширкату ташкилоти сохтмонии ватанию хориҷӣ машғули кор мебошанд. Аз рафти  шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар ситоди сайёри корӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ карда шуд. Дар ситод роҳбарони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дигар   масъулони  соҳа ва роҳсозону мутахассисон  барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои бунёди роҳ вазифадор карда шуданд.

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Ёвон Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо рафти сохтмони корхонаи криоллит ва алюминийи фтордор шинос шуд.

АМИТ «Ховар»