Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои навсозӣ дар нақби мошингарди «Истиқлол»

№ 13.08.2015

P1050223Ёздаҳуми августи соли 2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  бо рафти корҳои навсозии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд.

Марҳилаи якуми навсозии нақби «Истиқлол» бетонпӯшнамоии қабати болоии роҳи мошингарди нақбро дар масофаи 9992 метр фаро мегирад. Ин кор то имрӯз дар масофаи 5320 метри роҳ аз ду ҷониби хатти ҳаракат анҷом дода шудааст.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат дар қитъаҳои алоҳида бо рафти корҳои бетонпӯшнамоии роҳ ва садбандии маҷрои обҳои зеризаминӣ шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамарӯза дар нақб масофаи зиёда аз 150 метр бетонпӯш карда, дар як вақт баҳри бартараф намудани воридшавии обҳои зеризаминӣ ба нақб тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Нақбсозон нақша доранд, ки корҳои бетонпӯшнамоии қабати болоии роҳро ҳамарӯза дар масофаи 180 метр ба анҷом расонида, иншоотро пеш аз муҳлат мавриди истифодаи пурра қарор диҳанд.

Хотиррасон бояд кард, ки беҳдошти шароити кори нақбсозон, аз ҷумла  пардохти саривақтии музди маош, таъмини  мунтазами иншоот бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ ва ба онҳо  бемайлон дастрас намудани маводи   ғизоӣ  ва  сарулибоси корӣ  дар мадди назари аввали роҳбарияти  Давлату  Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, аз ҷониби Сарвари давлат бевосита  ба  нақбсозон  ҳамаҷониба  кумак расонида мешавад.

Сарвазири мамлакат мутахассисон ва нақбсозони ин иншооти аҳамияти  муҳимдоштаро баҳри босифат ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани  корҳои навсозии нақб, беҳдошти шароити  ҳаракати  нақлиёт ва дар як вақт шурӯъ намудани корҳои марҳилаи дуюми навсозии нақб, ки аз пешбурди корҳои равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошад, вазифадор намуд.

АМИТ «Ховар»