Амали хайр

ҶСК «Агроинвестбонк»: Фаъолият беҳбудӣ ва эҳсонкориву амалҳои хайриявӣ вусъат ёфтаанд

№100 (3246) 28.08.2014

Бо ин мақсад танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ масраф гардидани зиёда аз 246000 сомонӣ далели возеҳи собитқадам будани бонк дар ин ҷода аст

 

Эҳсону сахо, дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон кори ниҳоят хайр ва амали басо нек мебошад. Бинобар ин, эҳсону накукорӣ ҳамчун яке аз фазилатҳои ахлоқӣ бояд ба як хислати фитрӣ ва амали доимии инсонҳо табдил гардад.

 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоми (1)

Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минҷумла зикр гардидааст: «Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд». Бо мақсади дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудани вазифаҳои фавқуззикр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти зиёд татбиқ ва тамоми захираву имконот самарнок истифода гардида истодаанд.  Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки соли ҷорӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ё 7,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азм дорад, ки дар ҳафт  соли оянда соҳаҳои иҷтимоиро ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат дар ҳаҷми умумии зиёда аз 70 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ намояд.

ҶСК «Агроинвестбонк», ки яке аз пешсафони низоми бонкии кишвар маҳсуб меёбад, ба ҳама дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ҳамовозӣ менамояд. Бешубҳа,  ин муассисаи бонуфузи молиявӣ ҷузъи муҳими низоми бонкии кишвар маҳсуб ёфта, вазъи молиявӣ ва раванди фаъолияташ  кафолати устуворӣ ва дар сатҳи муътадил қарор доштани низоми  бонкии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аксари лоиҳаҳое, ки ҶСК «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ намудааст, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тариқи дастгирии бахши кишоварзӣ, ки дар шароити кунунӣ барои ҷумҳурии мо хеле муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад, нигаронида шудааст.  Айни замон дар фаъолияти ин муассиса эҳсонкорӣ ва амалҳои хайриявӣ беш аз пеш густариш ёфта истодааст. Тибқи маълумоти дастрасшуда, давоми нимсолаи аввали соли равон Комиссия доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва хайрияи назди Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» фаъолияти худро мутобиқи «Низомнома доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва хайрияи назди Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк»», ки бо қарори Раёсати бонк аз 30 июли соли 2012 таҳти №188 тасдиқ гардидааст,  роҳандозӣ намудааст. Дар нимсола аз ҷониби Комисссияи зикршуда нуҳ ҷаласа баргузор гардида, дар раванди онҳо зиёда аз 155 муроҷиат вобаста ба расонидани кумаки молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Агар муроҷиатҳои мазкурро раддабандӣ намоем,  аз теъдоди зикршуда нафақахӯрону ашхоси маъюб ва аз оилаҳои камбизоат 86, ташкилотҳои маъюбон 16, ҷамъиятҳои варзишиву муассисаҳои дигар 12, шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат шаш ва кормандони бонк даҳ муроҷиатро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра аз ҳисоби сарфаи хароҷоти истеҳсолӣ ба маблағи 177094 сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо гардидааст, ки аз он 109298 сомонӣ аз саридораи бонк ва 67796 сомонӣ аз филиалҳои бонк барои дастгирии молиявии табақаҳои камбизоат ва нафақахӯрон масраф шудааст. Шурӯъ аз моҳи феврали соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк» ба таъмиру таҷдид ва бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонидани Литсей – интернати кӯдакони болаёқати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иқдом намуд. Иқдоми мазкур бо ибтикори бевоситаи раиси Раёсати бонк Суюнхон Рустамов амалӣ гардид. Масъулини Литсей – интернати зикршуда дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки Суюнхон Рустамов бевосита аз он ҷо дидан намуда, бо раванди фаъолияти муассиса ва шароити зиндагии муҳассилини он аз наздик шинос шуд. Маҳз ҳамин боздид замина фароҳам овард, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти мавҷуда тасмим гирифта шавад.

Ба шарофати хайрхоҳии раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти барои раванди таълим зарур ҷиҳозонидани хобгоҳи  муассиса ва утоқҳои дарстайёркунӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардид. Лоиқ ба зикр аст, ки бинои хобгоҳи литсей дар ҳолати ҳузновар қарор дошт. Иттилоъ гирифтем, ки танҳо  барои таъмиру таҷдид 98988, 90  сомонӣ сарф шудааст. Маблағи аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» барои харидорӣ намудани таҷҳизот ва дигар  ашёи зарурӣ баҳри ҷиҳозонидани  утоқҳои дарстайёркунӣ ва ҷойҳои хоб  сарфгардида 46060 сомониро ташкил медиҳад. Аз шиносоӣ бо фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк» бармеояд, ки маҳз дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат фаъолияти бонк рушду тавсеа ёфта, нишондиҳандаҳо дар ҳама самт ҷавобгӯйи талаботанд. Ба санаи 31 июли соли 2014 бонки мазкур бо 62 филиал, 52 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 149 нуқтаи интиқоли маблағ ба мизоҷон номгӯйи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи хубу  сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ пешниҳод намуда истодааст. Ҷойгоҳи ҶСК «Агроинвестбонк» дар бозори бонкии мамлакат низ хос буда, мизоҷонаш ҳамвора зиёд мешаванд. Айни замон 20 фоизи ҳаҷми умумии дороиҳои низоми бонкии кишвар, 30 фоизи сандуқи амонатҳо (депозитҳо), даҳ фоизи сармояи маҷмӯӣ ва 23 фоизи сандуқи қарзии бонкҳои ҷумҳурӣ  маҳз ба ин муассиса тааллуқ дорад.

Чоми

Мушоҳидаҳо далели онанд, ки таҳти сарварии роҳбарияти нави бонк пешравиҳо дар раванди фаъолият зиёданд. Дар навбати аввал, дар сохтори бонк хароҷоти ғайримақсадноку нолозим пешгирӣ гардида, дар низоми ҷобаҷогузории кадрҳо таҳаввулоти ҷиддӣ рӯйи кор омад. Роҳбарияти нави бонк баҳри боз ҳам беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ  нақшаҳои зиёд доранд, ки афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва занони соҳибкор, ҷорӣ кардани шаклҳои нави хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ба мисли ташкили роҳҳои нави интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ (коркарди механизми интиқоли маблағҳо тавассути кортҳои пардохтӣ), овердрафт, кортҳои қарзӣ, пардохти хизматрасониҳои ҷамъиятиву маишӣ ва ғайра, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳои хориҷӣ барои фароҳам овардани фазои мусоид баҳри ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, кушодани марказҳои амалиётии нав дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва барориши кортҳои пардохтӣ аз ҳамон ҷумлаанд. Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки ҶСК «Агроинвестбонк» дар таъмини дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасту кӯҳистони кишвар ба хизматрасониҳои бонкӣ яке аз пешсафон маҳсуб меёбад, зеро айни замон дар баробари фаъолияти пурмаҳсули 62 филиали бонк дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, инчунин теъдоди зиёди нуқтаҳои интиқоли маблағ ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамрадиф бо ҳашт филиал, ҳашт нуқтаи интиқоли маблағ ва як маркази хизматрасонии бонкӣ дар дурдасттарин минтақаҳо, ки сокинонаш пештар чунин сатҳу сифати  хизматрасонии бонкиро танҳо орзу менамуданд, фаъолияти пурмаҳсул доранд. Таъсиси нуқтаҳои интиқоли маблағ аз ҷониби бонк вобаста бо тақозои замон амалӣ  шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани  чунин нуқтаҳо шароит фароҳам овардааст, ки ҳамватанони мо маблағҳои аз ҷониби пайвандонашон интиқолгардидаро сари вақт дастрас намуда, дар ҳолати зарурӣ ба хориҷи мамлакат низ маблағ интиқол диҳанд. Дар ҳамин радиф 52 маркази хизматрасонии ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Махсусияти фаъолияти чунин марказҳо дар он зоҳир мегардад, ки агар дар нуқтаҳои интиқоли маблағ  ба мизоҷон танҳо хизматрасонии интиқоли маблағ пешниҳод гардад, пас дар марказҳои зикргардида шаҳрвандон имкони баҳравар шудан аз номгӯйи нисбатан васеи хизматрасониҳои бонкиро доранд. Ҷалби пасандозу  амонат, пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ  ва тиҷоратӣ, интиқоли маблағ, маблағгузории тиҷоратӣ, хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, мубодилаи асъор ва дигар намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумлаи маҳсулоти асосии пешниҳодшаванда ба шумор мераванд. Бонк бо даҳ низоми байналмилалии интиқоли маблағ ҳамкорӣ намуда, тавассути онҳо маблағҳои интиқолиро ба шаҳрвандон дастрас менамояд. Ба санаи 31 июли соли 2014 шумораи гирандагони маблағҳои интиқолии бонк афзун шуда, айни замон зиёда аз  1697552 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра ҳамагӣ  522534300 доллари ИМА ба гирандагони маблағҳои интиқолӣ пардохт гардида,  ҳамагӣ 119088241 доллари ИМА берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши мизоҷон бе кушодани суратҳисоб равона карда шуд. Айни замон бонк барои зиёд намудани иқтидори захиравиаш  бо ҷалби пасандозҳои аҳолӣ тавассути пешниҳоди 13 номгӯй маҳсулоти пасандозии бонкӣ, ки ба талаботи ҳама табақаҳои мизоҷон ҷавобгӯй аст, диққати ҷиддӣ медиҳад. Самараи чунин иқдомот буд, ки бақияи  сандуқи пасандозҳо (пасандозҳои дархостшаванда, амонатӣ, муҳлатнок) дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2013-ум 13,2 фоиз бештар аст. Дар шаш моҳи соли 2014 бонк ба мизоҷони амонатгузор зиёда аз 32,9 ҳазор адад ҳисобҳои пасандозӣ кушода, гардиши маблағҳои воридшуда дар ҳисобҳои амонатӣ зиёда аз 11 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Овардани далелу арқоми мазкур ба он хотир аст, ки ҳамватанони азиз дарк намоянд, ки дар заминаи ҳусни таваҷҷуҳ ва дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саҳоми асосии бонк  маҳсуб меёбад ва меҳнати пурмаҳсули роҳбарияти нави ҶСК «Агроинвестбонк» фаъолият дар ҳама бахшҳо беҳбудӣ ёфтааст, ки дар ин радиф эҳсонкорӣ ва амалҳои хайриявӣ истисно нестанд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»