Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодии кишвар аст

№134(3435) 09.10.2015

Як сол пеш зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки  ҳар сол 14-уми октябр дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда шавад. дар ин замина, яъне ғамхориҳои Сарвари давлат, соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна мунтазам рушд намуда истодааст. Дар арафаи Рӯзи соҳибкорон хабарнигорамон бо муовини якуми директори Маркази дастгирӣ ва  рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Сайёра Қодирова ҳамсуҳбат шуд:

- Хоҳишмандам оид ба таърихи таъсиси маркази мазкур, ҳадафҳо ва раванди  фаъолияти он каме маълумот диҳед.

-Тавре маълум аст, аввали солҳои навадуми асри гузашта, ҷумҳуриамон ба мушкилоти зиёде дучор гардид ва ин ҳолат тамоми сохторҳоро фалаҷ гардонд, сафи бекорон афзоиш ёфт. Бо анҷоми муқовиматҳо ва ба даст омадани сулҳу оштӣ дар кишвар корҳои ободонию бунёдкорӣ оғоз ёфтанд. Мардум барои таъмини зиндагии хеш ба машғулияти гуногун, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна пардохтанд. Вале дар давраи аввали ташаккули соҳибкорӣ на ҳама муваффақ мешуданд, зеро нофаҳмиҳо ва монеаҳо зиёд буданд. Бинобар ин, бо дархости соҳибкорони пойтахт ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  13 апрели соли 2001 Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таъсис дода шуд. Инак, 15 сол боз фаъолияти он ба ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон ва ёрӣ расонидан барои фаъолияти пурсамари онҳо равона гардидааст.

-Теъдоди шарикони ҳамкори шумо чӣ қадар аст ва самтҳои фаъолиятатон кадомҳоянд ?

- Бо 200 ширкати хусусии пойтахт ва зиёда аз 15000 соҳибкори инфиродӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем. Илова ба идораи марказӣ кормандони мо дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе фаъолият доранд. Мутахассисони Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе доир ба мазмуну мундариҷаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ байни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Мунтазам варақаҳои иттилоотӣ, маълумотномаю тавсияномаҳоро ба нашр расонда, паҳн мекунем, бо ширкати соҳибкорон семинару машваратҳо, мизҳои мудаввар доир менамоем. Барои мисол, соли ҷорӣ қариб 300 маротиба чунин чорабиниҳо баргузор кардем. Илова бар ин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба мо таври шифоҳӣ ва тавассути телефон муроҷиат менамоянд ва мутахассисони мо ба саволҳояшон ҷавоб дода, барои ҳалли мушкилоти бамиёномада мусоидат мекунанд. Чунончӣ, давоми соли ҷорӣ зиёда аз 300 нафар  таври шифоҳӣ ба мо муроҷиат карданд.

-Онҳо бештар роҷеъ ба кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?

- Зимни фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба андоз ва андозбандӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ва ғайра нофаҳмию баҳсҳо ба амал меоянд.

Масалан, баъд аз қабули Кодекси  андоз дар таҳрири нав баъзе нофаҳмиҳо ва мушкилот миёни соҳибкорон пайдо шуд. Мо якҷо бо намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон вохӯриҳо ташкил карда, ин санади муҳимро шарҳ додем ва ҳамзамон фикру мулоҳизаҳои онҳоро низ шунидем.

Мутахассисони Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе дар асоси ваколатномаҳои соҳибкорӣ дар судҳо иштирок карда, ҳуқуқҳои соҳибкоронро ҳимоя менамоянд. Аз ҷумла роҳбарияти ҶДММ «Р — Сервис» чанде пеш оид ба баргардонидани қарз муроҷиат карданд. Мо дар мурофиаҳои судӣ иштирок кардем. Барои соҳибият ба тамғаи молӣ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Ҳасаналӣ Шарифов низ муроҷиат шуда буд. Бо кумаки мо номбурда соҳиби тамғаи молии AL – REHAB гардид.

-Ба назари шумо барои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми шароитҳо мавҷуданд?

-Аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ғамхорӣ ва дастгириҳои зиёде зоҳир мегардад. Тавре Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон, ки 14 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, таъкид кард: «Воқеан рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат мебошад ва ба ин мақсад тадбирҳои зиёде андешида мешавад.». Дар ин замина, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону сармоягузоронро қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон номид.

Дар мамлакат барои рушди соҳибкорӣ як қатор қонуну қарорҳо ва барномаҳо қабул шудаанд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, кафолатҳои давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро таъмин мекунад. Санади дигари муҳим «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» мебошад, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар қабул шудааст ва марҳилаи аввали татбиқи он анҷом ёфта, соли ҷорӣ марҳилаи дуюм оғоз гардид. Ин омилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам аст.

Мусоҳиб   Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»