Соли пурмаҳсули боғпарварон

№4 (3484) 09.01.2016

Боғпарварӣ дар водии Рашт яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор меравад. Аз оғози солҳои ҳаштодуми асри гузашта ин соҳа дар минтақа босуръат рушд ёфт. Боғҳои бузурги бунёдгардида на танҳо барои иҷрои нақшаҳои тарҳрезинамудаи ҳукумати вақт, балки барои таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ низ ёрии калон расониданд. Дар он даврон, ки ҳанўз тиҷорат он қадар байни мардум роиҷ набуд, деҳқонони навоҳии минтақаи Рашт на танҳо бозорҳои ҷумҳурӣ, балки бузургтарин бозорҳои кишварҳои ҳамсояро бо себу нок таъмин мекарданд. Себи маҳаллии навъи «хубонӣ» хеле машҳур буд.

Баъди ноил шудан ба соҳибистиқлолӣ, як муддат бо сабабҳои маълум, боғпарварон имконият наёфтанд, ки ба нигоҳубини боғҳо машғул шаванд. Дар натиҷа, садҳо гектар боғ ба касалиҳои гуногун гирифтор гардида, дарахтони зиёд хушкиданд. Панҷ — шаш сол пеш на танҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат, балки дар навоҳии Рашт низ пайдо кардани меваи маҳаллӣ имкон надошт. Ҷойи себи хубонӣ ва ноки ғармиро, ки бо лаззати худ шуҳрат доштанд, себу ноки хитойӣ гирифт…

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №683 аз 27 августи соли 2008 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар солҳои 2010 — 2014» барои аз нав эҳё гардидани соҳа такони ҷиддӣ дод.

Соли 2015 дар ноҳияҳои минтақаи Рашт зиёда аз 250 гектар боғи нав бунёд гардида, 356 гектар боғҳои куҳна барқарор шуданд. Агар заҳмати боғпарваронро дар се соли охир ҳисобу китоб кунем, масоҳати боғҳои навбунёд аз 1000 гектар зиёдтар аст.

Оид ба масъалаи мавриди назар бо мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов суҳбат доштем. Мавсуф изҳор дошт, ки айни ҳол дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳия 4465 гектар боғ мавҷуд аст. Соли 2015 шуъбаи кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо боғпарварон  200 гектар боғи харобгардидаро аз нав барқарор ва 108 гектар боғи нав бунёд намуданд. Дар ноҳия ҳамчунин ду гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуд. Чунин намуди боғ имкон медиҳад, ки дар як масоҳати хурд ниҳолҳои зиёд шинонида шаванду баъди се сол ба ҳосилдиҳӣ шурўъ кунанд.

- Соли 2015 барои боғпарварони ноҳияи мо соли бахосият буд,- гуфт дар идомаи суҳбат номбурда. — Кишоварзон 3632 тонна мева ҷамъ оварданд, ки ба ҳар гектар 25,8 сентнерӣ рост меояд. Аммо ин ҳосил моро қаноатманд намекунад. Умед дорем, ки дар соли нав ҳосилнокии боғҳои мо боз бештар мегардад. Бо ин мақсад аз тирамоҳ боғпарварон омодагӣ мегиранд.

Ёдовар бояд шуд, ки намудҳои меваҳои маҳаллӣ, ки аз ниёгонамон мерос монда буданд, қариб аз байн рафтаанд. Ду-се сол пеш боғпарвари маъруфи ноҳия Мирзошоҳи Акобир деҳ ба деҳ гашта, қисми зиёди ҳамин гуна ниҳолҳоро ҷамъ овард ва дар боғи таҷрибавии ў имрўз мо беш аз 35 намуди меваҳои маҳаллиро пайдо мекунем. Мирзошоҳ аз ҳар як ниҳол чанд пайванд кардааст ва мехоҳад, ки дар ояндаи наздик аз нав барои паҳн намудани ин навъҳо иқдом намояд.

Себи навъи маҳаллии хубонӣ ва ноки ғармӣ аз лиҳози маззаву лаззат беҳтарин намуди мева ҳастанд. Ҷойи таассуф аст, ки бо сабаби ба бемориҳои гуногун гирифтор шудани дарахтон шумораи боғҳое, ки чунин меваҳо бор меоварданд, кам шудааст. Ният дорем, ки масоҳати чунин боғҳоро дар ноҳия зиёд кунем ва сокинони ҷумҳуриро бо себи хубонию ноки ғармӣ таъмин намоем,- гуфт дар хатми суҳбат Абдураззоқ Саломов.

Рўзҳое, ки дар ноҳияи Ҷиргатол сафари корӣ доштам, ҳангоми гузаштан аз деҳаҳо чашмам ба боғҳое афтод, ки дарахтон аз зиёдии ҳосил сархам буданд.

- Ду сол боз дар ноҳия ҳосилнокии боғҳо хуб шудааст,- гуфт мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол Азиз Диёров. — Соли гузашта тавонистем як миқдор меваро ба Ҷумҳурии Қирғизистон содирот намоем. Меваи мо дар кишвари ҳамсоя ва ба мо дўст харидори зиёд пайдо намуд.

Дар ноҳияи Тавилдара соли гузашта 28 гектар боғи нав бунёд намуданд.  Замин барои бунёди боғҳои нав хеле зиёд аст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара бо ин мақсад нақшаи чорабиниҳо тартиб додааст. Иқлими ноҳия барои ниҳолпарварӣ хеле мувофиқ аст.

Дар ноҳияи Тоҷикобод 35 гектар боғи нав бунёд ва даҳ гектар боғи куҳна барқарор карда шуд. Кишоварзони ноҳия ният доранд, ки шурўъ аз оғози баҳори соли ҷорӣ тамоми боғҳои куҳнаро аз нав барқарор намоянд.

- Мо ба нақша гирифтаем, ки майдони боғҳои интенсивиро дар ноҳия зиёд намоем, — мегўяд мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Қурбоналӣ Талбонов. – Барои бунёди чунин боғҳо аз як тараф замини кам истифода шавад, аз ҷониби дигар, нисбат ба боғҳои пештара ду — се маротиба ҳосилнокӣ зиёд мегардад.

Боғпарварони ноҳияи Нуробод низ бо дили гарм ба бунёди боғҳои нав ва барқарор намудани боғҳои куҳна машғуланд. Соли 2015 дар ин ноҳия 25 гектар боғи нав бунёд шудааст.

Дастовардҳои соли 2015 — ро дида, бо боварии комил гуфта метавонем, ки боғпарварӣ дар ояндаи наздик дар навоҳии водии Рашт ва Тавилдара мисли солҳои пешин рушду нумўъ меёбад ва боғпарварон шуҳрати пештараро ба даст хоҳанд овард.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»