18 декабр - Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон

«Созишномаи мубодилаи иттилоотӣ барои муҳоҷирон бояд ба имзо расад»

№152 (3632) 15.12.2016

DSC_0740Мусоҳиба бо сардори  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир

- Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва мақсаднок истифода бурдани онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд? Ҳоло теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нафарро ташкил медиҳад ва онҳо асосан дар кадом кишварҳо фаъолият доранд?

- Асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин равандро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» муайян мекунад. Ба изофа, вобаста ба талабот зарурати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа низ пеш омадааст. Бо ин мақсад лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2016 — 2020» ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирони хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» 19 феврали соли 2016, №537 ба имзо расид.
Дар 11 моҳи соли равон 451945 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар барои пешбурди фаъолияти меҳнатӣ (ба Федератсияи Россия 441399 ва Ҷумҳурии Қазоқис­тон 10546 нафар) сафар намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 фоиз кам мебошад. Ҳоло ба ҷумҳурӣ 339230 нафар муҳоҷири меҳнатӣ баргаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.

- Барои касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Дар ин робита корҳои зиёд ба сомон расонда шудаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1790 вохӯрию суҳбат бо ҷалби 140052 нафар доир гардид. Ба шаҳрвандон пешниҳод шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон забонҳои хориҷӣ ва касбҳои навро омӯзанд. Бо кумаки мо 2479 нафар шаҳрванде, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ аст, ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

31 марти соли 2016 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати идоравии минтақаи саноати Тоҷикис­тону Хитой» ба имзо расид. Мақсад аз он ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти интихоб ва бозомӯзии мутахассисон — шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар соҳаи сохтмон, металлургия мебошад. Ширкат уҳдадор шудааст, ки дар корхонаҳои истеҳсолии металлургӣ 70 фоизи ҷойҳои кориро ба мутахассисони маҳаллӣ пешниҳод намояд.

Бо мақсади ҷавобгӯ будани захираҳои меҳнатӣ ба талаботи қонунгузории давлати қабулкунанда, кӯтоҳ намудани муҳлати гирифтани патент, кам кардани арзиши сертификати донистани забони русӣ, таърих ва ­асосҳои қонунгузорӣ дар Федератсияи Россия, миёни Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, Муассисаи автономии давлатии «Центр трудовых ресурсов» — и Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт- Петербург созишномаи дуҷониба баста шуд. Тибқи муқаррароти он имтиҳони комплексӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Skype дар низоми «Online» дар шаҳри Душанбе қабул карда, ба онҳо сертификат супорида мешавад.

- Барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ кадом субъектҳо машғуланд?

- Дар маҷмӯъ, 27 субъекти хоҷагидор барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар дорои иҷозатнома мебошанд, вале айни замон танҳо Агентии бокортаъминкунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»- и Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа, ҶДММ «Ҷамол- 2012», ҶДММ «Муҳоҷир», «Мирзо Компания», «Сомонэкспресстранс» ва ҶСК «Нақлиёт» фаъолият доранд. Ба воситаи ин субъектҳо 623 нафар муҳоҷири меҳнатӣ дар хориҷи кишвар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва қарорҳои ҳайати Комиссияи иҷозатномадиҳии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират соли ҷорӣ ба 235 ширкату корхона барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ (бахусус мутахассисон) ва 3 субъекти хоҷагидор барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар иҷозатнома дода шуд.

- Доир ба ҳимояи ҳуқуқу манфиати муҳоҷирон чӣ тадбирҳо андешида мешавад? Тавре мушоҳида гардид, бо сабабҳои гуногун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ, бахусус Федератсияи Россия, хориҷ мегарданд. Ҳоло вазъ дар ин самт чӣ гуна аст?

- Соли ҷорӣ ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 97577 нафар шаҳрванд бо дархост муроҷиат кардааст. Ҳангоми санҷиши шиносномаи онҳо, пеш аз сафар ба Федератсияи Россия, 30078 нафарашон, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маълумотномаи Хадамоти муҳоҷират сабт гардида буданд, аз муҳоҷират баргардонида шуданд.

То 4 октябри соли 2016 ба рӯйхати мамнӯъшудагон 304083 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дохил шудаанд. Рӯйхат сари вақт ба зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас гардонда шуд ва муҳоҷирон метавонанд дар маҳалли зисти худ, пеш аз сафар ба Федератсияи Россия ройгон бо он шинос шаванд. Вале бояд зикр кард, ки дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба дохил ва хориҷи мамлакат мушкилот ҳанӯз зиёд аст. Яке аз онҳо сари вақт аз ҷониби мақомоти дахлдор дастрас нагардидани рӯйхати шаҳрвандони вурудшавиашон ба Федератсияи Россия манъ мебошад. Номгӯйи панҷ категорияи шахсоне, ки барои дубора рафтан ба ин кишвар ҳуқуқ надоранд, низ мушаххас нест. Аз ин рӯ, онҳо ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиати хаттӣ мекунанд. Дар нимсолаи аввали соли равон Хадамоти муҳоҷират аризаи 1654 нафарро дар ин робита баррасӣ намуд ва танҳо барои 252 нафар расман ҷавоби мусбат гирифта шуд.

Сабабҳои асосии ба маҳдудкунонӣ дучор шудани шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия гарон будани нархи патент, надоштан ё сари вақт дастрас карда натавонистани маблағ, монанд будани ному насаби шаҳрвандон мебошад. Ба болои ин, новобаста аз ба охир расидани муҳлати воридшавии шахси депортшуда ба Федератсияи Россия, ному насаби ӯ 3 — 4 моҳи дигар дар рӯйхат нигоҳ дошта мешавад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Россия ин мушкилот баррасӣ шуда, ҳар чӣ зудтар созишномаи мубодилаи иттилоотӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба имзо расад.

Дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ саҳми намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва диаспораҳои тоҷикон назаррас мебошад.

- Квотаи муҳоҷирони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр муқаррар мешавад? Қувваи корӣ аз кадом кишварҳо ба ҷумҳурии мо ворид мешаванд?

- Мувофиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» квотаи муҳоҷирони хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷиро ба ҷумҳурӣ барои ҳар як соли тақвимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар менамояд. Квотаи имсола, тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 19 феврали соли 2016, №637, ҳашт ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ муқаррар шудааст. Ширкатҳо аз рӯи соҳаҳои истеҳсолот, сохтмон, саноат, хӯроки умумӣ, алоқа, энергетика, нақлиёт, тиҷорат, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, геология ва ғайра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи корӣ гирифтаанд. Иҷозатнома асосан ба шаҳрвандони Хитой, Афғонистон, Эрон, Туркия ва Ӯзбекистон дода шудааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»