Таҳкими робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон

№101 (3738) 24.08.2017

Ба муносибати 70 — солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон 21- уми август дар меҳмонхонаи «Ҳаят»-и шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол аз густариши робитаҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвари дӯст сухан ронда, изҳори умед карданд, ки санадҳои миёни Тоҷикистону Покистон  имзошуда давра ба давра амалӣ мешаванд. Соли ҷорӣ ба барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Покистон 25 сол пур шуд. Дар ин давра зинаи баландтарини ҳаҷми солонаи табодули мол байни ду кишвари дӯст 97 миллион долларро ташкил дод.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»