Таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва таҷҳизот

№4 (3484) 09.01.2016

Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки намояндагони ноҳияҳои Файзобод,  Роғун, Ҷиргатол, Рашт, Тавилдара ва Нуробод дар маркази ноҳияи Тоҷикобод семинар — машварат «Оид ба муҷаҳҳазгардонии Маркази хизматрасонии техникӣ ва таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ тавассути иҷораи молиявӣ» доир гардид.

Семинар-машваратро раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир ифтитоҳ бахшида, дар суханрониаш оид ба мушкилоти таъминоти техника ва таҷҳизот дар миқёси ноҳия ҳарф зад. Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Исуф Шоев оид ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҷаҳҳаз намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ андешаронӣ кард. Ходими пешбари илмии Институти  иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Садриддинов дар мавзўи «Дастгирии КВДҶ «Тоҷикагролизинг»,  амалӣ намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ» ва директори Институти зироаткории  Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асоев дар мавзўи «Зарурати истеҳсоли техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ» суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни семинар — машварат баъди анҷоми қисми назариявӣ бо фаъолияти Маркази хизматрасонии техникии ноҳияи Тоҷикобод ва техникаву таҷҳизоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ шинос шуданд.

Дар кори семинар — машварат, баробари масъулини соҳа, ҳамчунин раисони ноҳияҳои  мазкур ширкат варзиданд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»