12-уми октябри соли ҷорӣ зимни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» қабул шуд, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро дар савдои электронӣ танзим ва бехатариро дар ин самт таъмин менамояд.
Вобаста ба талабот, танзимот ва умуман махсусияти қонуни мазкур хабарнигорамон бо директори Маркази миллии қонунгузорӣ Изатулло Саидзода суҳбат намуд.
- Муҳтарам Изатулло Саидзода, нахуст бигӯед, ки зарурати таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» дар чист?
- Дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ, заминаи асосии пешравии иқтисодиёти ватанӣ ва рушди давлатдорӣ гардида истодааст. Рӯ овардани ҷомеа ба иқтисоди бозорӣ, кафолат додани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва дигар фаъолиятҳои бо қонун манънашуда дар доираи Конститутсия, озодии рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, муҳайё намудани фазои ягонаи иқтисодӣ, шомилшавии кишвар ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати кафолат додани гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ, омили асосии рушди соҳибкорӣ ва такомул ёфтани он дар кишвар гаштааст. Дар заминаи ин, бо мақсади рушди савдои электронӣ дар ҷумҳурӣ зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» ба миён омад.
- Мувофиқи моддаи 5- уми лоиҳаи қонун иштирокчиёни савдои электронӣ фурӯшандагони мол, кор ва хизматрасониҳо, харидорони мол, кор ва хизматрасониҳо ва миёнаравони иттилоотӣ ва дигар миёнаравон мебошанд. Ин фурӯшандагон ва харидорону миёнаравҳо киҳоянд ва савдояшонро чӣ гуна ба роҳ мемонанд?
- Ба фурӯшандагон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолиятро оид ба фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамоянд, мансубанд. Ба харидорон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мансубанд. Миёнарави иттилоотӣ ва миёнаравони дигар дар савдои электронӣ инҳо мебошанд: таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ва операторони низоми пардохтие, ки барои таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои пардохтӣ ва ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни иштирокчиёни савдои электронӣ хизмат мерасонанд; ташкилкунандагони савдо, озмун ва музоядаҳо; ташкилотҳое, ки хизматрасонии дигарро барои таъмин ва дастгирии расмиёти электронӣ ҳангоми тартиб ва анҷом додани аҳдҳои электронӣ амалӣ менамоянд; операторон ва таҳвилгарони хизматрасонии алоқа, ки барои муомилоти ҳуҷҷатҳои электронии иштирокчиёни савдои электронӣ хизмат мерасонанд.
Ногуфта намонад, ки субъектҳои зикргардида, савдояшонро тариқи шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амалӣ менамоянд.
- Тартиби барасмиятдарории аҳд дар савдои электронӣ чӣ гуна сурат мегирад?
- Барасмиятдарории аҳд дар савдои электронӣ дар қонуни мазкур пурра танзим ёфтааст. Механизми тартиби барасмиятдарории аҳд дар савдои электронӣ чунин сурат мегирад. Якум, фурӯшандагони мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин, миёнаравони иттилоотӣ ва миёнаравони дигар пешниҳодро бо назардошти талаботи қонун тариқи барномавию техникӣ ва намудҳои дигари шабакаҳои алоқаи электроние, ки барои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, паҳнкунӣ, инъикос ва истифодабарии маълумот пешбинӣ шудаанд, ба харидорони мол, кор ва хизматрасонӣ пешкаш мекунад. Дуюм, харидорони мол, кор ва хизматрасонӣ дар сурати розӣ будан пешниҳоди тариқи шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пешкашшударо қабул менамоянд, ки дар натиҷа аҳд дар савдои электронӣ басташуда эътироф мегардад.
- Ташкили мубодилаи ҳуҷҷати электронӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳдҳои электронӣ чӣ гуна мешавад?
- Ташкили мубодилаи ҳуҷҷати электронӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳдҳои электронӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» ва созиши тарафҳо сурат мегирад.
- Шахсоне, ки савдои электрониро ба амал мебароранд, киҳоянд?
- Шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ, ки ба харидуфурӯши мол, кор ва хизматрасонии пардохтшаванда бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ машғул мебошанд.
- Дар савдои электронӣ таъмини бехатарӣ чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
- Шарти асосии таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ аз тарафи ҳар як иштирокчии он риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созиши тарафҳо мебошад. Инчунин, дар боби 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» талабот барои таъмини бехатарии савдои электронӣ пешбинӣ шудаанд. Мувофиқи қонун фурӯшанда, харидор, миёнарави иттилоотӣ ва миёнаравони дигар уҳдадоранд талаботи зеринро иҷро намоянд:
- сатҳи зарурии бехатарии шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ, махзани маълумот, воситаҳо, ҷои нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҳуҷҷати электрониро таъмин намоянд;
- барои паст намудани хавфҳо, пешгирии таҳдид ва бархӯрди манфиатҳо, инчунин, қаллобӣ дар раванди савдои электронӣ бо истифодаи воситаҳои пешгирӣ ва огоҳонии ҳуқуқвайронкунӣ, мониторинги ҳуқуқӣ ва дигар усулҳои таъминоти фаъолият чораҳо андешанд;
- аз истеъмолкунандагон танҳо он маълумоти шахсиеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳо оид ба аҳди электронӣ заруранд, талаб намоянд;
- ҳифзи ҳуҷҷати электронии дорои маълумоти шахсии истеъмолкунандагонро, ки ба онҳо зимни барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳди электронӣ маълум гардидааст, таъмин намоянд;
- ҳуҷҷатҳои электронии дорои маълумоти шахсиро оид ба аҳди электронӣ пас аз анҷом ёфтани муҳлати нигоҳдории муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд созанд.
- Ин қонун барои блогерон чӣ дахл дорад?
- Қонуни мазкур ба муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба фаъолияти блогерон дахл надорад.
- Татбиқи ин қонун ба нафароне, ки интернет-магазинҳо доранд, чӣ гуна сурат мегирад?
- Интернет-магазинҳо ҷузъи савдои электронӣ мебошанд, яъне фаъолияти соҳибкорӣ оид ба харидуфурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ, ки бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва расмиёти электронӣ амалӣ мегардад ва табиист, ки қонун ба нафароне, ки интернет-магазинҳо доранд, татбиқ мегардад.
- Қабули ин қонун барои қадаме ба сӯи ҳукумати электронӣ гузоштан кумак мекунад?
- Бале, зеро асосҳои ҳуқуқии таҳияи қонуни мазкурро боби сеюми Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №643 тасдиқ гардидааст ва банди 62.3. Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 таҳти №642 тасдиқ шудааст, ташкил менамояд.
- Оё мардуми мо ба савдои электронӣ омода ҳастанд?
- Ман дар он андешаам, ки мардуми мо ба савдои электронӣ омодаанд, агар омода намебуданд ё талабот намебуд, қонуни мазкур таҳия ва қабул намегашт.
- Яке аз афзалиятҳои қабули қонуни мазкур афзудани шумораи одамоне, ки аз кортҳои бонкӣ истифода мебаранд аст. Инро чӣ гуна шаҳр медиҳед?
- Кортҳои бонкӣ низ қисмати ҷудонашавандаи савдои электронӣ ҳастанд. Қонун, ки қабул гардид, барои иштирокчиёни савдои электронӣ зарурат ба миён меояд, ки корти бонкӣ фармоиш диҳанд ва ин ҳолат, албатта, ба афзудани шумораи одамоне, ки аз кортҳои бонкӣ истифода мебаранд, бетаъсир намемонад.
- Афзалияти дигари қабули қонуни мазкур монеаҳои нолозими маъмурӣ бартараф ва таъсиси ҷойҳои нави кор мебошад. Ин чӣ гуна амалӣ мегардад?
- Монеаҳои маъмурӣ дар иқтисодиёт қоидаҳое мебошанд, ки бо қарорҳои мақомоти давлатӣ барои пешбурди фаъолияти муайян дар савдо муқаррар карда шудаанд, ки риояи онҳо шарти ҳатмии пешбурди ин фаъолият мебошад. Барои кушодан ва пешбурди кори нуқтаи савдо тибқи қонунгузорӣ аз 5 то 10 қарори мақомоти марбута талаб карда мешавад. Масалан, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи муқаррар намудани вақти кории нуқтаи савдо. Дар савдои электронӣ бошад, ин талабот аз байн меравад.
Вобаста ба қисмати дигари савол оид ба таъсиси ҷойҳои нави кор бошад, заминаи ҳуқуқӣ доир ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти савдои электронӣ пайдо гардид, ки он ҳам ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ, инчунин, таъмини фаъолияти онҳо равона гардидааст. Табиист, ки хоҳишмандон доир ба машғул шудан ба савдои электронӣ зиёд мегардад ва ҷойҳои нави корӣ таъсис мегардад.
- Ин қонун ба истеъмолкунандагон, новобаста аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, имкони якхела медиҳад. Оё суръати интернет ба ин халал намерасонад?
- Халал расонидани суръати интернет ба савдои электронӣ масъалаи техникӣ аст, на ҳуқуқӣ. Лекин воқеият ҳамин аст, ки савдои электронӣ ба истеъмолкунандагон, новобаста аз ҷойгиршавии манотиқ, ҷиҳати шиносоӣ ба мол, кор ва хизматрасонӣ имконоти якхела медиҳад.
Мусоҳиб Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»