Тангаҳои ҷашнӣ

№52 (3198) 22.05.2014

Бонки миллии Тоҷикистон барои коркарди дизайни тангаҳои ҷашнии бахшида ба 600 — солагии шоир ва мутафаккири тоҷик, яке аз бузургони адабиёти классикии форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ озмун эълон кард.

Озмуни мазкур  ҳамчунин барои рӯйи кор овардани тарҳи тангаҳои ҷашнӣ бахшида ба 700-  солагии файласуф ва мутафаккири тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 — солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-  шаҳри Душанбе эълон  шудааст.

Тавре  роҳбари хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба мо иттилоъ дод, дархостҳо барои иштирок дар озмун то 30-юми майи соли равон қабул карда мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, натиҷаҳои озмун 2-юми июни соли 2014 маълум мешавад. Мувофиқи талаботи озмун, дар як тарафи тангаҳои ҷашнӣ ҷойгир намудани  тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

Дар тангаҳои ҷашнии бахшида ба 600- солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, тибқи талабот, бояд сурати шоир ҷой дошта бошад. Ҳамзамон нишон додани санаи таваллуд ва вафоти шоир низ талаб карда мешавад. Қисмати боқимондаи  тарҳи тангаҳои ҷашнӣ ба тахаюлоти коркардкунандагони он вобаста мебошад. Тангаҳои ҷашнии бахшида ба 700 -  солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ ба мисли тангаи ҷашнии дар боло зикршуда бояд бошад.

Дар  тарҳи тангаҳои дигари  ҷашнии бахшида ба 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 20- и римӣ  ё намуди  арабӣ  оварда шавад. Рақами римӣ  ё арабии 90 дар тангаҳои ҷашнии 90 -солагии шаҳри Душанбе низ  ҷой доштанашон лозим аст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»