Энергетика

Тарҳе, ки манзилҳоро равшану корхонаҳоро муқтадир мекунад

№116 (4536) 16.09.2022

Лоиҳаи «CASA -1000» нахустин тарҳи муштараки байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайваст­шавии шабакаҳои барқи  ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро дар бар мегирад. Тарҳи мазкур норасоии неруи барқро коҳиш дода, дар ташаккули бозори энергетикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои шарик, таъсиси ҷойҳои нави кор, бо  назардошти манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиссагузор  хоҳад буд.

Ҳоло васлсозӣ дар зеристгоҳи «Суғд- 500» бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Зимни  боздид аз иншоот директори минтақавии «Интиқоли неруи барқи «CASA -1000» Файзалӣ Самиев чунин иброз намуд:

-  Дар доираи лоиҳаи «CASA -1000» як қисми неруи барқ аз  Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, тавассути хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб — Шимол» ба зеристгоҳи «Регар- 500», аз он ҷо ба вилояти Хатлону сипас, ба Афғонис­тону Покистон интиқол дода мешавад. Масофа аз  марзи Қирғизистон то ин ҷо 27 километрро ташкил  медиҳад. Барои қабул намудани неруи барқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон зарур  омад, ки дар зеристгоҳи «Суғд — 500» чашмаки  алоҳида барои хати интиқоли неруи барқи баландшиддати «Датка — Суғд — 500» бунёд намоем.

Ба гуфтаи Файзалӣ Самиев, дар иншооти мазкур танҳо корҳои  васлсозӣ мондааст, ки он ҳам дар арафаи анҷомёбист.

Дар баробари кашидани хати интиқоли неруи  барқи баландшидат ва бунёди зеристгоҳҳо вобаста ба лоиҳаи «CASA -1000», инчунин  амалисозии «Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» низ идома дорад. Роҳбари лоиҳаи мазкур Сироҷиддин Каримов зимни суҳбат иброз дошт, ки «Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» дар доираи ташаббус ва чорабиниҳои пешбининамудаи «Лоиҳаи  минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA -1000» дар кишварҳои аъзои лоиҳа (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон)  пешбинӣ шудааст. Лоиҳа дар деҳоти ҳудуди долони гузариши хати интиқоли барқи 500 — киловолтаи тарҳи   «CASA -1000» амалӣ мешавад. Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «CASA -1000» Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2020 тасдиқ намудааст.

- Қисмати якуми «Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои бахши электроэнергия» амалӣ гардида, он аз ду  зерқисмат иборат аст: Зерқисмати 1 а – «Беҳтар намудани таъмини неруи барқ дар деҳаҳои ҳудуди таъсиррасонии «CASA -1000». Зерқисмати 1 б — «Сохтмони зеристгоҳи Исфара-1». Айни ҳол 60 дарсади ҳаҷми умумии корҳо иҷро шудаанд, — гуфт Сироҷиддин Каримов.

Вақте ки аз маҳалли сохтмони зеристгоҳи «Исфара-1» боздид кардем, иттилоъ доданд, ки дар ин самт 90 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Аз зеристгоҳи мазкур барои таъмини сокинони шаҳраки навбунёди Моҳпарии шаҳри Исфара хатҳои интиқоли барқ кашида мешавад. Бо мақсади кам кардани сарбории зеристгоҳи Исфара -110/35/10 ба дарозии 4,1 километр хати интиқоли барқи 10 — киловолта кашида шудааст.

Баҳри пайваст намудани зеристгоҳ бо хати интиқоли барқи 110 — киловолтаи Конибодом- Шӯроб хати интиқоли барқи 110 — киловолта кашида хоҳад шуд.

Сироҷиддин Каримов  иттилоъ дод, ки дар хати барқи 110 — киловолта аз 14 поя 13 — тояш насб гардида, пояи охирин рӯзҳои наздик насб мешаванд. Мувофиқи лоиҳа, оянда дар шаҳраки Моҳпарӣ 2700 оила истиқомат хоҳанд кард.

Таҷҳизоти боқимонда то охири  моҳи сентябр тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид хоҳад шуд,- гуфт дар поёни суҳбат Сироҷиддин Каримов.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»