Таваллудхонаи нав мушкилоти мавҷударо бартараф намуд

№4 (3484) 09.01.2016

ШохкосимовСардухтури таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ Гулсара Чоршанбиева зимни суҳбат бо хабарнигори рўзнома соли 2015 — ро пурфайзу баракат номида, ин нуктаро чунин шарҳ дод:

- Дар ин сол аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваллудхонаи нави замонавӣ туҳфа гирифтем, ки бароямон ниҳоят хотирмон аст. Ду сол пеш ҳангоми сафари корӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни аз беморхонаи шаҳри Хоруғ дидан намудан ваъда доданд, ки таваллудхонаи замонавӣ месозанд ва хишти аввали онро низ худашон гузошта, бинокорон ба сохтмони он оғоз карданд. Барои бунёди таваллудхона аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 9 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд, ки аз он 7 миллион сомонӣ  барои сохтмон ва 2 миллион сомонӣ барои харидории таҷҳизоти замонавӣ сарф шуд. Ин беморхона чорошёна буда, дорои 105 кат, аз ҷумла 35 кат барои навзодон аст. Таваллудхона дорои шуъбаҳои ташхиси клиникӣ, эҳё ва беҳисгардонӣ, таваллуд, модар ва кўдак, шуъбаи касалиҳои занона буда, ҳамзамон ҳуҷраҳои ултрасадо (УЗИ) ва сабти барқии дил ба хизмати беморон омода аст. То ин вақт мо дар шароити номувофиқ ва бе таҷҳизоти нав кору фаъолият доштем. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани таваллудхонаи нави замонавӣ ва муҳайё  шудани шароити хуб ба мо муяссар гардид дар муддати кўтоҳ ба як қатор комёбиҳо ноил  гардем. Имрўз мо қодир ҳастем, ки  касалиҳои занона ва оризаҳои ҳомиладории онҳоро ташхис карда, табобат намоем.

Фавти модар ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд чор маротиба ва фавти кўдак ду — се маротиба кам гардид. Дар таваллудхона 20 табиб ба ҳифзи сиҳатии модару кўдак машғуланд, ки 18 нафари онҳо духтурони дараҷаи олӣ мебошанд. Писта Гадомамадова, Мастура Бойназарова, Дилбар Ҷумъаева, Шоиста Мамадназарбекова, Ҳалима Худоёрова, Қурбон Сарварова ва мудири шуъбаи эҳё ва беҳискунӣ Шоҳқамбар Шоҳфозилов аз ҳамин ҷумлаанд. Дар таваллудхона инчунин 85 нафар ҳамшираҳои шафқат фаъолият доранд.

Бо мустаҳкам гардидани заминаи моддӣ — техникии таваллудхона имкон пайдо намудем, ки занону модарони ноҳияҳои Дарвозу Рўшон, Шуғнону Ишкошимро низ табобат карда, беморони вазнинро дар таваллудхона ҷарроҳӣ намоем.

Кўшиш ба он дорем, ки хизматрасониро боз ҳам беҳтар карда, аз рўи гуфтаҳои Сарвари давлат: «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад», амал намоем.

Соли 2015 дар таваллудхонаи вилоятӣ 1300 кўдак ба дунё  омад, ки дар 38 ҳолат дугоник ва як ҳолат сегоник аз ҳамон ҷумлаанд. Таваллуд кардани сегоник дар таърихи таваллудхона бори аввал аст. Ифтихор дорем, ки дар ин сол фавти модар ва кўдак дар таваллудхона ба қайд гирифта нашудааст.

Минбаъд низ тамоми дониш ва маҳорати худро баҳри дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудани рисолатамон равона менамоем.

Таҳияи Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»