Тиллои Зарафшон ҷамъоварӣ мешавад

№32 4294 09.03.2021

Айни замон дар соҳили дарёи Зарафшон (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) шаҳрвандони зиёде ба заршӯӣ машғуланд. Бо мақсади огоҳӣ аз вазъ ва роҳҳои фаро гирифтани мардум ба зарҷӯиву заршӯӣ дар ин мавзеъ ба Раёсати молия дар ноҳияи Айнӣ муроҷиат кардем. Ба саволҳои мо сардори раёсат Анвар Афзалиён чунин посух дод:

- Фаъолият тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 таҳти №600 «Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» ба роҳ монда шудааст. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда аз ҷониби шахсони воқеӣ тибқи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояшон ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ мешавад. Мавзеъҳое, ки дар онҳо канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ истихроҷ карда мешаванд, аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва ба мақоми ваколатдор, яъне Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод гардид. Ба номгӯи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки истихроҷи онҳо бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ иҷозат дода мешавад, металлҳои қиматбаҳо ва ранга: тилло, нуқра, платина, қалъагӣ (қалъагисанг), волфрам, титан, минералҳои унсурҳои нодирзаминӣ, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо: гурӯҳи корунд – ёқути сурх ва ёқути кабуд, хризолит, топаз, азрақ, лаъл, клиногумит, беҷодаҳо, нефрит, ақиқ, гурӯҳи квартс, пошхӯрдаҳои сурма, флюорит ва канданиҳои фоиданоки дигар дохил мешаванд.

Барои гирифтани иҷозатнома шахсони воқеӣ бо пешниҳоди ариза ва нусхаи шиноснома ба мақомоти молия дар маҳал муроҷиат менамоянд. Дар навбати худ мақомоти молия нусхаи ҳуҷҷатҳоро ба Комиссияи дахлдори Вазорати молия оид ба баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ирсол менамояд. Ба истиснои ҳуҷҷати зикршуда талаб намудани дигар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ манъ мебошад. Пас аз қабули қарор дар бораи иҷозатнома аз ҷониби комиссия ҳуҷҷати иҷозат тавассути мақомоти молия дар маҳал ба шахсони воқеӣ (довталаб) расонида мешавад. Ин раванд 10 рӯзи кориро дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои баррасии ариза як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ») ва дар сурати қабул гардидани қарор дар хусуси додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷети давлатӣ пардохт мешавад. То имрӯз дар ноҳияи Айнӣ барои гирифтани иҷозат 1367 нафар муроҷиат намуда, 1200 кас иҷозат гирифтаанд. 167 дархости дигар дар марҳилаи баррасӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки заршӯӣ таваҷҷуҳи қисми зиёде аз сокинони ноҳияро ба сӯи худ кашидааст, ки ин ба фоидаи мардум ва ба манфиати давлат мебошад. Ҷавонон таҷҳизоти махсус сохта, соҳили рӯди Зарафшон ба заршӯӣ машғуланд. Меҳнати онҳо аллакай самараи хуб ба бор оварда, баъзеҳо дар як шабонарӯз ду грамм тилло ва баъзан зиёдтар ба даст меоранд.

Харидуфурӯши канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи истихроҷшуда тибқи қоидаҳое, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006 таҳти №215 «Дар бораи қоидаҳои харидуфурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга» тасдиқ шудаанд, ба роҳ монда мешаванд. Дорандагони иҷозатнома уҳдадоранд, ки металл ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшударо ба нуқтаҳои харид, ки аз ҷониби Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия таъсис ёфтааст, фурӯшанд. Дар маркази ноҳия айни ҳол ду нуқтаи харид ташкил шудааст.

Ба роҳ мондани заршӯӣ дар соҳили дарёи Зарафшон иқдоми саривақтист. Зеро дар мавзеъҳои паҳноби соҳили рӯди Зарафшон имкони шустани тилло зиёд мебошад. Дар гузашта яке аз шуғлҳо ва манбаи даромади сокинони навоҳии водии Зарафшон тиллошӯӣ будааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, то соли 1937 дар ноҳияҳои Кӯҳис­тони Мастчоҳ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент артелҳои тиллошӯӣ амал мекарданд.

Рӯзибойи УМАР,

 «Садои мардум»