Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғози соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ба хориҷи кишвар семент содирот намуд. Сементи мазкур истеҳсоли ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» буда, содироти он ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон роҳандозӣ гардид. Дар навбати аввал, тибқи қарордоди ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» бо ширкати «Шамал Шарқ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 370 тонна семент интиқол меёбад. Дар назар аст, ки минбаъд ҳамкориҳо дар ин самт тавсеа ёфта, ҳаҷми содирот низ зиёд карда шавад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»