30 апрели соли 2015 таҳти №261 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 -2016» қабул гардида буд. Инак, аз он рӯз чор моҳ сипарӣ мешавад, оё мо барои зимистонгузаронӣ омодаем? Чун соҳаи нақлиёт аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, хостем маълум намоем, ки масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зимистонгузаронӣ чӣ чораҳо андешидаанд.
Тавре сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии вазорати мазкур Укуматшо Ақсақолов иттилоъ дод, ҷиҳати таъмини иҷрои қарори зикршуда дар вазорат Ситоди фаврӣ таъсис ва нақшаи омодасозии корхонаю муассисаҳо ба мавсими навбатӣ таҳия ва тасдиқ гардида, маълумотдиҳии ҳармоҳа ба роҳ монда шудааст.
Дар муддати сипаришуда аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои омодагӣ ба мавсими зимистон 166,29 километр роҳҳои автомобилгард, 76 қубур, 65 пул ва 4608,6 километр роҳҳои дигар аз таъмир бароварда шуданд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи вазорат барои мавсими тирамоҳу зимистон дар минтақаву вилоятҳои ҷумҳурӣ ба миқдорӣ 28997 м3 маводи зиддилағжиш, 213,5 тонна ангишт, 437м3 ҳезум ва 203550 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардид.
Захираи маводҳои зиддилағжиш дар муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар минтақаҳо, алалхусус дар ноҳияи Ҳисор 48,4 фоиз, шаҳри Кӯлоб 64,6 фоиз, шаҳри Қӯрғонтеппа 86,2 фоиз, вилояти Суғд 94,3 фоиз ва ВМКБ 44,2 фоизро ташкил медиҳад.
Мавсуф иттилоъ дод, ки омодасозии техникаи роҳнигоҳдорӣ дар ҳамаи муассисаҳо оғоз гардидааст ва дар навбати аввал, тибқи имконият, таҷҳизоту техникаҳои роҳнигоҳдории барои ағбаҳо ва қитъаҳои аз сабаби таъсироти иқлимӣ душворгузари роҳҳои автомобилгард пешбинишуда мавриди таъмир ва омодасозӣ қарор гирифтаанд.
Дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард омода намудани 518 техника ва механизмҳои роҳдорӣ барои фаъолият дар мавсими зимистон ба нақша гирифта шудааст, ки мутобиқи маълумот айни ҳол 474 техникаву механизм омода гардидаанд ва ин 91,5 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
У. Ақсақолов гуфт, ки дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 60 тонна сӯзишвории дизелӣ, 200 тонна равғани дизелӣ ва 150 тонна ангишт харидорӣ ва захира карда шудааст.
Инчунин санҷиши техникии 23 трансформатор, 410 километр хатти барқи баландшиддати 6–10 кВ, 45 километр хатти барқи пастшиддати 0,4 кВ анҷом ёфта, зиёда аз 1581 адад шпалҳои корношоям иваз карда шудаанд. Таъмири миёнаи 28 километр роҳ иҷро ва 80 таҷҳизоти огоҳкунии алоқаю барқ аз санҷиши профилактикӣ гузаронида шуд.
Бино ба гуфти номбурда дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аломатгузориҳои рӯзонаи рӯйпӯшҳои аэродромӣ қисман нав карда шуда, дар роҳрави «М» ва қисмати перронии аэродром тарқишҳоро пур кардаанд.
ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 210 тонна мазут, 100 тонна бензин, 50 тонна сӯзишвории дизелӣ, 50 тонна моеи зидди яхбандӣ — ТИП-1, 40 тонна моеи зидди яхбандӣ — ТИП-4 ва 185 тонна реагент харидорӣ намудааст.
Вобаста ба омодасозии корхонаю муассисаҳои авиатсияи гражданӣ зикр кардан лозим аст, ки аллакай маълумотдиҳӣ ба Ситоди фаврӣ аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби ин муассисаҳо андешидашаванда оғоз гардидааст. Миқдори муайяни сӯзишворӣ барои буғхонаҳо, моеи зиддияхбандӣ ва реагент дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб низ омода гардидааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»