Як гул бидиҳанду сад баҳорат бибаранд

№93 (4676) 19.07.2023

Суду зиёни шабакаҳои иҷтимоиро дар баъзе маврид чунин метавон тафсир кард

SШоҳид ҳастем, ки имрӯз бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ин бесабаб нест, чунки дар марҳилаи кунунӣ таъсири шабакаҳои мазкур тамоюли афзоишро касб намуда, дар заминаи рушди интернет беш аз пеш таъсиргузоранд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки поварақи матолиби баъзе аз воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳое, ки ҳангомасозӣ дар онҳо меҳвар аст, ба майдони мубоҳиса табдил ёфтаанд. Мутаассифона, дар ин раванд аксар маврид назокату одоби баҳс сарфи назар шуда, онҳо моҳияти сиёсӣ касб менамоянд. Масъулини воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол вазифадоранд, ки манфиатҳои миллиро болотар аз дигар масъалаҳои моҳияти шахсию гурӯҳидошта гузоранд, зеро далелҳои зиёде мавҷуданд, ки нашру пахши чунин матлаб ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ расониданд. Ҳарчанд беасос будани онҳо бо истинод ба далелу рақам собит гардид, вале таъсири манфӣ дар афкори як қисми шаҳрвандон боқӣ мемонад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ — дастоварди навбатии инсоният, аз як ҷониб, агар барои беҳтар намудани робита бо ҷомеа, ташаккул додани афкори ҷамъи­ятӣ ва беҳтар намудани усулҳои иттилоърасонӣ хизмат намоянд, аз ҷониби дигар, силсилаи хавфу хатарҳоро ба вуҷуд овардааст.

АЗ ТИҶОРАТ ТО МАҒЗШӮӢ

Ба андешаи номзади илмҳои сиёсӣ Хуҷамурод Сафарализода пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ дар навбати аввал моҳияти тиҷоратӣ дорад. Моликони шабакаҳои мазкур тавассути он маълумоти зиёдро ҷамъоварӣ, коркард мекунанд ва ба фурӯш мебароранд. Иттилооти тавлиднамудаи ширкатҳои технологӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои истеҳсолӣ ва аз худ намудани бозорҳо хизмат менамоянд. Барои афзоиши истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ усулҳои зиёд, аз ҷумла ҳавасманд намудани истифодабарандагон, додани маблағ, таваҷҷуҳбарангез намудани фазои маҷозии шабакаи иҷтимоӣ, аз байн бурдани сензура, пешбурди реклама мавриди корбурд қарор мегиранд.

Ҳамсуҳбатам аз он нигарон аст, ки дар баробари ширкатҳои технологӣ, як қатор давлатҳо (субъектҳои геополитикӣ) ва созмонҳои экстремистию террористӣ низ шабакаҳои иҷтимоиро ба манфиати худ истифода намуда истодаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳи субъектҳо имкон фароҳам овардаанд, ки иқтидори иттилоотию технологии интернетро барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризона истифода баранд. Дар ин замина тӯли даҳ соли охир дар фазои маҷозӣ тарғибу ташвиқи идеологияи радикалистӣ, ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ, паҳн кардани иттилооти иғвобарангез, тарҳрезии инқилобҳои ранга зиёд гардид.

Манфитарин таъсири шабакаҳои зикршуда мағзшӯӣ ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ҷавонон қишри нисбатан осебпазиранд. Ғайр аз ин, шабакаҳои иҷтимоӣ омили то андозае дур шудани ҷавонон аз донишҳои илмию назариявӣ, сабаби талафи вақт, дуюмдараҷа шудани муносибат ба муоширати хонаводагӣ ва паҳн гардидани фарҳанги бегона мебошад.

РӮЗГОР ҲАМАРО МУҲТОҶИ ИТТИЛОЪ КАРДААСТ

Ширкатҳои технологӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тиҷорати иттилоотро густурда ба роҳ мондаанд. Тав­сеа ёфтани ин раванд ба шиддат гирифтани рақобат дар миёни ширкатҳои истеҳсолӣ вобаста буда, аксар маврид усулҳое истифода мегарданд, ки мақоли «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»-ро ба хотир меорад.

- Аз ин лиҳоз, дар бозори ҷаҳонӣ рақобати иқтисодӣ сол то сол шадидтар ва мураккабтар гардида, бо мақсади комёб будан фаъолияти ширкатҳои молиявию истеҳсолӣ тамоюли афзоишро касб кардааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯза иттилоот омили муҳимтарини баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт гардидааст. Чунин ҳолат шаҳодати он аст, ки касе соҳиби иттилоот аст, метавонад ҷаҳонро идора намояд, — афзуд Хуҷамурод Сафарализода.

Сол то сол беҳтару хубтар гардидани равзанаҳо (интерфейс)-и шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки моликони ширкатҳои мазкур доимо дар фикри истироҳати истифодабарандагон ҳастанд. Ба баъзе истифодабарандагони фаъол додани маблағ низ маънои онро надорад, ки шабакаҳои мазкур ба фаъолияти башардӯстонаю хайрхоҳона машғуланд.

Баръакс, онҳо барои диққатҷалбкунанда шудани шабакаҳои мазкур ва бештар гардидани теъдоди истифодабарандагони онҳо чунин корро анҷом медиҳанд, зеро чӣ қадаре истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шаванд, ҳамон андоза дар серверҳои моликони онҳо иттилооти бештар ҷамъоварӣ мешавад. Сипас иттилоот коркард гардида, ба доираҳои ҳавасманду манфиатдор фурӯхта мешавад. Ба ибораи дигар, ширкатҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷамъоварии маълумот машғул ҳастанд, табъу завқи харидоронро пеш аз дигарон муайян менамоянд ва маҳсулоте, ки дар асоси чунин иттилоот тавлид мегардад, дар бозор зуд харидор пайдо менамояд. Ҳар амале, ки истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ дар фазои маҷозии интернет анҷом медиҳад, иттилооте мебошад, ки минбаъд коркард мешавад. Масалан, дар саҳифаи интернетии худ ворид намудани расмҳо, матнҳо, видеороликҳо, сабтҳои аудиоӣ, писандидан, написандидан, шарҳнависӣ, ба дигарон фиристодани матлабҳо ва ғайра амалҳои маҷозие ба шумор мераванд, ки барои муайян намудани табъу завқи одамон кумак мерасонанд.

Дар сиёсат низ вазъият чунин буда, ширкатҳои давлатию ғайридавлатие мавҷуданд, ки самти асосии фаъолияти онҳоро «консалтинги сиёсӣ» ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, рӯзгор ҳамаро муҳтоҷи иттилоъ кардааст.

Вобаста ба ин Хуҷамурод Сафарализода маълумоти ҷолиб пешниҳод кард: «Дар ИМА ширкати ғайритиҷоратии «RAND Corporation» барои иҷрои вазифаҳои стратегӣ дар доираи фармоишҳои Кохи сафед, Пентагон ва дигар сохторҳои давлатӣ ба онҳо маълумоти дорои аҳамияти стратегӣ пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин, СММ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, фондҳои Сорос ва Рокфеллер, донишгоҳҳои Гарвард ва Стэнфорд ва баъзе ширкатҳои фаромиллӣ аз хизматрасонии «RAND Corporation» истифода менамоянд». Инчунин, ширкатҳои дигаре низ мавҷуданд, ки самти фаъолияти онҳо «консалтинги байналмилалӣ» ба ҳисоб меравад. Нигаронкунанда он аст, ки ташкилотҳои террористию экстремистӣ низ ба хизматрасонии чунин ширкатҳо рӯ овардаанд ва барои баъзеи онҳо ҳадафмандона чунин имконият ройгон пешниҳод мешавад.

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ВА МУҚАРРАРОТИ МАРБУТ БА СИРРИ ДАВЛАТӢ

Айни замон низ мубориза барои иттилоот хеле тезутунд аст. Гуфтан мумкин аст, ки ба даст овардани иттилоот ва мубориза барои он яке аз унсурҳои муҳимтарини муҳорибаҳои иттилоотиро дар ҷаҳони муосир ташкил медиҳад. Мутаассифона, дар ин раванд аксар маврид роҳҳои қонунии даст­расӣ ба иттилоот сарфи назар мегардад.

Бамаврид аст шарҳ диҳем, ки дар кишвари мо санади меъёрии ҳуқуқии асосие, ки ба масъалаи мавриди назар дахл дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мебошад. Мақсади қонуни мазкур фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.

Дар он дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороанд, муқаррар шудааст.

Дастрасӣ ба иттилоот наметавонад маҳдуд карда шавад, агар он барои қонеъ гардонидан, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне зарур бошад, ки барои дастрас намудани иттилооти мазкур муроҷиат кардаанд, ба шарте ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи сирри давлатӣ ба гурӯҳи иттилооти дастрасиаш маҳдуд мансуб набошад.

Тибқи муқаррарот, дастрас ва ошкоро будани иттилоот, ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот, сари вақт пешниҳод кардани иттилоот, ҳифзи ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот, аз ҷумла аз тариқи суд, ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи даст­расӣ ба иттилоот, риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сеюм ҳангоми вогузоштани иттилоот принсипҳои асосии дастрас кардани иттилоот мебошанд.

Дархост ба мақомот, ташкилот ё шахсони мансабдоре, ки ба ақидаи талабгор, иттилооти барояш зарурӣ доранд, фиристода мешавад. Дар он ному насаби шахсе, ки барои гирифтани иттилоот муроҷиат кардааст, номи ташкилоте, ки аз номи он дархост шудааст, ном ва насаби шахсе, ки ҷавоб бояд ба ӯ фиристода шавад, нишонии почта, рақами телефон ё факс, нишонии почтаи электронӣ барои ҷавоб ё аниқ кардани хусусияти дархост ва ҳамчунин шакл ва тарзи ҷавоби дархостшуда зикр карда мешавад. Ҷавоби дархост дар бораи гирифтани иттилоот дар муҳлати кӯтоҳ, вале на дертар аз сӣ рӯзи тақвимии баъди гирифтани дархост фиристода мешавад.

Агар дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод кардани иттилооти дархостшуда имконнопазир бошад, ба дархосткунанда дар давоми ҳафт рӯзи кории баъд аз гирифтани  дархост дар бораи ба дигар вақт монондани муҳлати ҷавоб огоҳинома фиристода мешавад. Агар мақомот ё ташкилоти дархостномагирифта иттилооти дархостшударо надошта бошад, бояд дар давоми ҳафт рӯз аз ин хусус ба дархосткунанда хабар диҳад ва ҳамчунин, аз рӯи имконият ба ӯ маълумоти мақомот, ташкилот ё шахсеро, ки дорои иттилооти дархостшуда мебошад, пешниҳод намояд ё худ маълумоти мақомот ё ташкилотеро, ки дархости мазкур ба онҳо фиристода шудааст, зикр кунад.

Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи манфиатҳои давлат ба танзим меоваранд, иттилооти дорои сирри давлатӣ ё хизматӣ, дар бораи ҳаёти хусусии шахс бе розигии ӯ, ба шарте ки дар қонунҳои ҷорӣ тартиботи дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар бораи бо тартиби муқаррарнамудаи қонун анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишот, дар бораи баррасии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ, хоҷагӣ ва мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавридҳое, ки фош кардани ин маълумот бо қонун манъ карда шудааст ё метавонад боиси риоя нашудани ҳуқуқи инсон ба баррасии холисонаи судии парванда гардад, ба ҳаёт ва ё саломатии шаҳрвандон таҳдид намояд, пешниҳод кардан мумкин нест. Мақомот ё ташкилот, шахсони мансабдори онҳо метавонанд аз пешниҳоди иттилооти дархостшаванда худдорӣ намоянд.

Дар шароити рӯз то рӯз шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо ва тавсеаи ҷаҳонишавӣ ба дӯши онҳое, ки бо иттилоот марбутанд, масъулияти бузурги ташаккули афкори ҷомеа вогузор аст. Биноан, ҳар нафар дар баробари ҳуқуқҳояш бояд ба уҳдадориҳо ва масъулият низ муносибати дуюм­дараҷа зоҳир насозад.

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ЯРОҚИ ИТТИЛООТӢ

Ғайр аз ин, ширкатҳои технологӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷамъоварии иттилоот ва ташкил намудани захираҳои азими иттилоотӣ машғуланд, то дар оянда истифодаи зеҳни сунъиро имконпазир гардонанд. Моҳияти ин масъала дар он ифода меёбад, ки зеҳни сунъӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои хабарӣ, видеопорталҳо, сомонаи агентиҳои иттилоотӣ ва ғайра) барои муайян намудани афкори ҷамъиятӣ, рӯҳия ва боварҳои мардум истифода мешавад. Чунин маълумот минбаъд ба яроқи иттилоотӣ табдил дода шуда, дар ихтиёри ҳаводорону ниёзмандон гузошта мешавад.

Барои он ки самаранокии зеҳни сунъӣ баланд бардошта шавад, захираҳои азими иттилоотӣ (big date) лозиманд. Аз ин рӯ, ҷамъо­варии иттилоот барои баланд бардоштани имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷамъоварии иттилоот, афзун гардонидану дар серверҳои азим нигоҳ доштани онҳо бо мақсади беҳтару хубтар намудани истифодаи зеҳни сунъӣ анҷом дода мешавад. Олими хитоӣ ва яке аз созандагони назарияи зеҳни сунъӣ Кай Фу Ли зикр кардааст, ки тавсеаи электрификатсия бо шарофати мавҷудияти шарту шароити зерин ба амал омад: сӯзишвории истих­роҷшудае, ки барои истеҳсоли қувваи барқ зарур буд, соҳибкороне, ки бо истифодаи қувваи барқ корхонаҳои навро ба кор андохтанд, муҳандисон-электрикҳое, ки фаъолияти онҳоро танзим менамуданд, дастгирии давлатие, ки барои рушди инфрасохтори он зарур буд. Ба ин монанд, барои он ки дар асри XXI зеҳни сунъӣ дар хизмати инсоният қарор дода шавад, чор шарт зарур аст: иттилооти барзиёд, соҳибкорони ба истифодаи зеҳни сунъӣ ҳавасманд, мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ ва дастгирии давлатӣ.

Давлатҳое, ки чунин зарурат­ро дарк кардаанд, дастгириро ба ширкатҳои тавлидкунандаи технологияҳои ҷадид дареғ намедоранд. Ин аст, ки як қатор давлатҳо, аз қабили ИМА, Чин, Сингапур, Австралия, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир ва ғайра, дар ин самт кӯшиши зиёд анҷом дода истодаанд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ аллакай самаранокии худро нишон додааст. Дар баробари ҷанбаҳои зикршуда шабакаҳои иҷтимоӣ зеҳни сунъие мебошанд, ки ба моликони худ миллиардҳо доллари ИМА фоида оварда истодаанд. Калонтарин ширкатҳои технологии ҷаҳон, ба монанди «Apple», «Microsoft», «Alphabet Inc», «Facebook», «Alibaba Group», «Tencent Holdings», «Samsung Group», «Amazon», «eBay», «IBM», «Baidu», «Google», аз ҳамон ҷумлаанд.

ИНҚИЛОБҲОИ ФЕЙСБУКИВУ ТВИТЕРӢ ВА ТАДБИРАНДЕШИҲОИ БЕТАЪХИРИ ХИТОЙ ВА ЭРОН

Дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ татбиқи сиёсати дугонаро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Барои мисол, як қатор давлатҳо шабакаҳои иҷтимоии «YouTube», «Facebook», «Twitter», «Instagram» ва чанде дигаронро уҳдадор намудаанд, ки ҳама гуна иттилооти хусусияти террористию экстремистидоштаро дар муддати кӯтоҳ аз саҳифаҳои худ тоза намоянд. Бояд донист, ки ин талабот нисбат ба давлатҳои абарқуд­рат, пуштибонони ширкатҳои технологӣ ва шарикони стратегии онҳо татбиқ шуда истодааст. Шоҳидем, ки дар муқобили Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамарӯза даҳҳо видеоролику матолиби экстремистию террорис­тӣ дар чунин шабакаҳо пахшу нашр мешаванд, аммо моликони шабакаҳои иҷтимоӣ бетафовутанд. Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташкили ҳаракатҳои эътирозӣ соли 2011, замоне ки мавҷи инқилобҳо кишварҳои арабиро фаро гирифта буд, баръало буд. Он замон шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook» ба эътирозгарон имкон доданд, ки фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд ва одамони зиёдро ба эътироз даъват намоянд. Чунин вазъиятро таҳлилгарон инқилоби интернетӣ ва баъзан «инқилоби твиттерӣ» ё «инқилоби фейсбукӣ» номида буданд.

Барои тақвияти суханонаш Хуҷамурод Сафарализода мисол овард: «Моҳи феврали соли 2011 дар сомонаи Оҷонсии иттилоотии «Ал-Ҷазира» (Қатар) нисбат ба воқеаҳои баҳори араб чунин навишта буданд: «Иттилоот — тавоноӣ аст. Дар асри иттилоотӣ бошад, «YouTube», «Facebook» ва «Twitter» яроқи муосири сафарбар намудани омма мебошанд». Шабакаи телевизионии CNN воқеаҳои мазкурро инқилоби интернетӣ ва инқилоби насли дуюм муаррифӣ карда, хулоса чунин буд: «Ташкилкунандагони инқилобҳои ранга тавассути иқтидори манипулятивии ВАО-и муосир (интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ) онҳоро тавре рӯнамоӣ менамоянд, ки ба инқилобҳои объективӣ шабоҳати бештар пайдо мекунанд. Аммо таҳлили равандҳои сиёсии ҷомеа, махсусан раванди ба амал омадани инқилобҳои ранга, ба назар гирифтани заминаҳои пайдоиш ва натиҷаҳои он нишон медиҳанд, ки ба таври объективӣ шакл гирифтани вазъият натиҷаи назарфиребии сиёсӣ аст».

Тамоюли мазкурро ба назар гирифта, баъзе кишварҳо як қатор шабакаҳои иҷтимоиро созмонҳои экстремистӣ эълон намудаанд. Барои мисол, аз моҳи марти соли 2022 бо қарори Суди шаҳри Москва ­фаъолияти шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» ва «Instagram» экстремистӣ эътироф шуд. Молики шабакаҳои мазкур ширкати «Meta Platforms Inc» созмони экстремистӣ эътироф гардид. Мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Twitter», «Instagram», «Facebook», «YouTube», «LinkedIn» ва мессенҷерҳои «Skype», «Whatsapp», «Viber», «Zello» дар кишварҳои гуногуни олам ҳамчун шабакаҳои шубҳаовар ва хатарзо имконнопазир аст.

Месазад ёдовар шавем, ки дар баъзе кишварҳо барои рӯи кор овардани шабакаҳои иҷтимоии ватанӣ ҷиддӣ машғуланд. Дар ин самт Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муваффақияти бештар доранд. Барои мисол, дар Хитой шабакаҳои иҷтимоии «WeChat», «Sina Weibo», «Douyin/TikTok», «Youku/Tudou», «Tencent QQ» ва дар Эрон шабакаҳои иҷтимоии «Gap», «Soroush», «iGap», «Parsijoo», «Cloob», «Cafe Bazaar», «DigiKala» ва «Aparat» пурра ҷойгузини шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ шудаанд.

- Таҷрибаи давлатҳои гуногун нишон медиҳад, ки онҳо барои пешгирӣ намудани таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба имкониятҳои техникию технологиашон усулҳои гуногунро истифода мебаранд. Як қисм давлатҳо шабакаҳои иҷтимоиро дар ҳолатҳои фавқулода муваққатан дастнорас мегардонанд. Давлатҳое, ки имкониятҳои зиёди технологӣ доранд, аз ҷумла Хитой, шабакаҳои иҷтимоии барои онҳо зарароварро дастнорас гардонида, ба ҷойи онҳо шабакаҳои иҷтимоии ватаниро, ки танзимашон осон аст, мавриди истифода қарор дода истодаанд, — хулоса кард Хуҷамурод Сафарализода.

Шоҳидем, ки дар фазои иттилоотии кишварамон солҳои охир созмонҳои экстремистию террорис­тӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароии хешро тарғиб менамоянд. Дар натиҷа, қисме аз ҷавонони кишвар, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯйӣ  ва ба доми созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ афтодаанд.

Мо дар замони пуртазод зиндагӣ мекунем ва мушоҳида мешавад, ки давлатҳои низоми сиёсиашон гуногун, ташкилотҳои байналмилалӣ барои амалӣ намудани «тарҳ»-ҳои худ беш аз пеш ҳавасманд ҳастанд, ки дар баъзе маврид бо манфиатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, созгор нест. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки гурӯҳҳои динӣ — экстремистӣ ва террористии трансмиллӣ худ аз худ пайдо намешаванд ва барои рӯи кор омадани онҳо ҳатман давлат ё ташкилоте ҳавасманд аст. Бо назардошти ин, барои тақвияту тавсеаи зиракии сиёсӣ, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғояи миллӣ зарур аст. Зарур аст, ки ба дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»