Заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар паёмҳои Президенти мамлакат

№93 (4199) 04.08.2020

коллаж 2Дар замони муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар арзёбӣ мегардад. То ҳол ба ҳеҷ давлати дунё муяссар нашудааст, ки онро пурра аз байн бурда бошад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мафҳуми коррупсия чунин шарҳ дода шудааст: «Коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, инчунин, хавфу хатар ва оқибатҳои манфии онҳо изҳори назар намуда, роҳу усулҳои пешгирӣ кардани ин зуҳуроти номатлуб ва мубориза бар зидди коррупсияро самти афзалиятноки фаъолияти давлат меҳисобанд. Чунончӣ, Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (30-юми апрели соли 2004) вобаста ба зуҳуроти номатлубу зишти коррупсия сухан ронда, мубориза бар зидди онро яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар унвон карданд: «Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама, нуфузу эътибори давлат ва хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад». Дарвоқеъ, порадиҳӣ ва порагирӣ дар ҷомеа ҳамчун кирдори хавфнок ва зишт маънидод мегардад. Аз ин хотир, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани чунин кирдорҳо моддаҳои махсус — 319 (гирифтани пора) ва 320 (додани пора) пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки дини мубини ислом низ порахӯр ва порадиҳандаро сахт маҳкум менамояд ва шахсонеро, ки чунин гуноҳ содир мекунанд, сазовори ҷазои сангин медонад. Тавре пайғамбарамон Муҳаммади Мус­тафо (с) дар ҳадисе мефармояд: «Порахӯру порадиҳанда ҳар ду дар ҷаҳаннам аст».

Мавриди ёдоварист, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, №143 бо мақсади вусъат бахшидани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бартараф намудани так­роркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун мақоми махсусгардонида ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуд ва низомномаи он тасдиқ гардид. Дар робита ба ин, вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба ваколати он вогузор шуданд.

Бо мақсади танзими фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (20-уми марти соли 2008) қабул гардид. Он вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомот, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро муқаррар менамояд.

КоррупсияАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин, дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.

Бо сабаби он ки дар шароити муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатарнок ба рушди давлат таъсири манфӣ мерасонад, дар мамлакат мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шудааст. Чунонки Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (25-уми апрели соли 2008) қайд намуданд: «Бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асос­ҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли 2010 дар самти мубориза ба коррупсия масъалаи гузаронидани экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро зарур шуморида, бо мақсади аз тариқи қонунгузорӣ пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, тавассути гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии қонунҳо баланд бардоштани сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳоро махсус таъкид намуданд.

Дар заминаи ин Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (28-уми декабри соли 2012) қабул гардид. Он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо ва дар маҷмӯъ, низоми пешгирии коррупсияро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.

Бояд иброз намуд, ки барои тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимат ба коррупсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юми апрели соли 2010, №864, ба тасвиб расид ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2010, №431 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ гардид. Илова бар ин, 14-уми декабри соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, низомномаи он тасдиқ шуд. Шӯрои миллӣ мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсози фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошад.

Дар алоқамандӣ ба қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида ва таъсис ёфтани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2011 зикр намуданд, ки: «бо дарназардошти муҳимияти масъала соли гузашта (соли 2010 – Ф.С.) бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия қабул гардида, Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис ёфт, ки дар асоси санадҳои зикршуда масъулияти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои мухталиф ба зиммаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ гузошта шудааст.

Ҳоло зарур аст, ки иҷрои санадҳои мазкур ва дигар чораҳои дар ин самт пешбинигардида сари вақт таъмин карда шавад, то ки натиҷаи онҳо дар ҷомеа эҳсос гардад. Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад».

Қобили зикр аст, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади мусоидат ба таҳкими чораҳои марбут ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсия бар зидди коррупсияро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ кард. Аз ҳамин таърих Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳоеро, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, иҷро менамояд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат дар Паём (20-уми апрели соли 2011) махсус қайд карданд, ки: «Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд саҳми Тоҷикис­тонро дар иҷрои уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, мусбат арзёбӣ намудааст».

Қобили ёдоварист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, № 34 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид. Дар доираи он, ки ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян карда шуд.

Бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба миён гузоштанд ва барои таҳияи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсияро вазифадор намуданд.

Дар натиҷа, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳия ва тасдиқ гардид.

Мақсаду ҳадафҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона шудааст.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми декабри соли 2018) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар доир ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия сухан ронда, дар назди мақомоти дахлдор вазифаҳо гузоштанд ва дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро масъалагузорӣ намуданд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд».

Барои иҷро намудани банди 58-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 зикр ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2019, № АП-1146 тасдиқ шудааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» таҳия ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бо риояи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия шуда, мафҳумҳои коррупсия, муқовимат ба коррупсия, ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба коррупсия ва дигар мафҳуму меъёрҳоро дар самти муқовимат ба коррупсия муайян месозад. Тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» -ро  ба миён овард.

Қобили қайд аст, ки дар номи лоиҳаи қонуни зикргардида калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки маънии васеътар дорад, иваз шудааст. Мафҳуми «муқовимат ба коррупсия» маҷмӯи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи коррупсияро дар назар дорад. Ҳамчунин, мафҳумҳои асосие, ки дар лоиҳа мавриди истифода қарор гирифта буданд, бо тарзи нав, бо дарназардошти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст,  мушаххас карда шудаанд.

Ҳамчунин, рӯйхати субъектони муқовимат ба коррупсия ба субъектони ба коррупсия бевосита муқовиматкунанда ва субъектоне, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, тақсим гардида, ваколатҳои онҳо дақиқ карда шуданд.

Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»-ро (17-уми июни соли 2020) баррасӣ ва қабул кард. Он айни ҳол дар баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мавқеи намоён ва нақши муҳим доранд, зеро дар онҳо барои садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб баён шуданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида муқовимат ба коррупсияро пурзӯр намуда, ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ мусоидат ­менамоянд. 

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон