Занбӯриасалпарварӣ дар Бадахшон ривоҷ меёбад

№ 03.10.2016

Дар иди асал, ки дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор шуд, 22  нафар занбӯриасалпарвари беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои вилоят асали хуштаъм ва босифаташонро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Тавре мутахассиси пешбари Идораи кишоварзии вилоят Адолат Айдарова изҳор дошт: — Оилаҳои занбӯри асал сол ба сол дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ афзоиш ёфта истодааст. Айни ҳол дар вилоят 6 ҳазору 645 оилаи занбӯри асал нигоҳубин мешавад. Миёни занбӯриасалпарварони вилоят ноҳияи Дарвоз мақоми аввалро ишғол менамояд. Ҳоло шумораи оилаҳои занбӯриасал дар ин ноҳия ба 4 ҳазору 48 адад расидааст.

Дар ноҳияи Ванҷ-855, Шуғнон-590, Роштқалъа-220 ва Рӯшон -505 оилаи занбӯри асал нигоҳубин мешавад. Дар шаҳри Хоруғ теъдоди оилаҳои занбӯри асал ба 400  адад расидааст.

Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб бошад, офат ба афзоиши оилаҳои занбӯри асал таъсир гузошт, вале сокинон бо дарки аҳамияти асалпарварӣ ҳар чӣ бештар ба ин пеша рӯ меоранд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»