Зиёда аз 7 ҳазор тонна лимӯ истеҳсол шуд

№ 08.02.2022

Соли 2021 дар вилояти Хатлон 7264 тонна лимӯ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 1041 тонна зиёд мебошад.

Тавре сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон иттилоъ дод, аз ҷамъи умумии лимӯи истеҳсолшуда, 6051 тоннаи онро лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун парвариш кардаанд.

Ҳамчунин, соли 2021 аз вилоят ба хориҷи кишвар 176,2 тонна лимӯ содирот гардид, ки қисми зиёди он ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон равона шудааст.

Дар вилояти Хатлон соли 2021 дар майдони 359 гектар парвариши лимӯ ба роҳ монда шуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»