Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд

№47 (3348) 31.03.2015

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 декабри соли 2014 таҳти №306 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли 2015 таъин гардида буд.

Дар ин рӯз дар панҷ ҳавза доир ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот баргузор шуд.

Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» интихобот дар ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 доир гардид. Мутобиқи гузориши раиси Комиссияи  интихоботии мазкур Ҷумъа Назаров 399 нафар намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва ноҳияи Файзобод номзадии Амирзода Раҳмоналӣ Амир- раиси шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ номзадии Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна- раиси Ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Тоҷикобод -номзадии Лоиқзода Қаноатшо Холиқ- раиси ноҳияи Рашт, ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав номзадии Неъматов Қурбонмурод Ҳақризоевич- директори молиявии ҶДММ «Роҳи тоҷик» ва шаҳри Турсунзода номзадии Ҷӯраев Абдураҳмон Ҳомидович — директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида буданд.

Бо қарори комиссияи ҳавзавӣ ба бюллетени интихоботӣ барои овоздиҳии пинҳонӣ номзадҳои зикршуда ворид гардиданд.

Аъзои комиссияи ҳавзавӣ Маҳмадӣ Неъматов натиҷаи овоздиҳии пинҳониро ба самъи ҳозирин расонид: «Дар асоси моддаи 51 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадҳои зикршуда бо гирифтани аксарияти овозҳо аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

***

DSC_0765

Дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 219 вакили Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 210 нафар ширкат варзиданд.

Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пӯшида номзадҳои пешбаришуда  Худоёрзода Бахтиёр Тавар – Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмонова Наргис Шарифовна – котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сино, Шоев Нуралӣ Наботович- ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ ва Маҳмадсаид Убайдуллоев – Раиси шаҳри Душанбе ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб шуданд.

Аз номи аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои боварӣ ва изҳори иродаашон дар интихоби онҳо ба ин мақоми олии қонунгузорӣ ба кулли сокинони шаҳр ва вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он изҳори сипос намуд.

Ш. Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе

***

Дар Кохи ба номи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 барпо гардид.

Тавре раиси ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатхӯҷа Мирзоев иттилоъ дод, аз 548 вакилон дар иҷлосия 539 нафарашон иштирок доштанд.

Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Қубодиён Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, раиси шаҳри Норак Раҷабзода Миралӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло бо гирифтани аксарияти овозҳо аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

***

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 баргузор гардид. Вакилон номзадҳои пешбаригардида раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, раиси шаҳри Хоруғ Алибердиева Қиматгул Худобердиевна, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон, директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ Маҳтобшоева Арамбегим Бозоровна, раиси ноҳияи Ишкошим Самадов Зикрихудо Муҳаммадаюбхоновичро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона дастгирӣ карданд.

Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ шахсони номбаршуда аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»

***

Дар ҷаласаи якҷояи Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд №2 баргузор шуд.

-Тибқи қарори комиссияи ҳавзавии интихобот дар асоси моддаи 51 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Панҷакент Шафиев Ислом Зиёбоевич, сарвари литсейи №3-и шаҳри Исфара Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд № 2 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд,- гуфт раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии мазкур Ғафурҷон Зоиров.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»