1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ идома дорад

№20-21 (3321-3322) 14.02.2015

12 феврали  соли 2015 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласа  баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ  аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА,  инчунин натиҷаи санҷиши шикояти шаҳрванд Ёров Бузургмеҳр нисбати қарори комиссияи ҳавзавӣ оид ба рад кардани бақайдгирии номзадии ӯ дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сомонӣ №8 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мутобиқи талаботи моддаҳои 82 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 нафар нозири байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 19 нафар аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ва як нафар аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА  аккредитатсия  карда шуда, ба онҳо шаҳодатномаи нозири байналмилалӣ супорида мешавад.

То имрӯз дар Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 208 нафар нозирон аз созмонҳои байналмилалӣ аккредитатсия карда шудаанд. Онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо рафти корҳои омодагӣ ба интихоботи дарпешистода, аз ҷумла бо фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот аз наздик шинос шуда истодаанд ва мунтазам дар ҷаласаҳои комиссияҳои интихоботӣ ширкат меварзанд.

Масъалаи аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба ворид шудани пешниҳодҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров 14 январи соли 2015 ба ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сомонӣ №8 дар бораи ба тариқи худпешбарӣ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтани номзадиаш  ариза пешниҳод намудааст.

Бинобар сабаби ба комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод накардани як қисми ҳуҷҷатҳои дар моддаи 35 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқарраршуда, аз ҷумла маълумот дар бораи амволи ба моликияти шахсиаш  мансуббуда ва насупоридани маблағи гарави интихоботӣ бо қарори комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сомонӣ №8 номзадии ӯ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз қарори қабулнамудаи комиссияи ҳавзавӣ Б. Ёров норозӣ шуда, бо шикоят ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки қарори зикршуда бекор карда шавад.

Дар натиҷаи санҷиши шикоят  муайян гардид, ки  Б. Ёров воқеан ҳам ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо ба комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод накардааст. Бинобар ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти Б. Ёров рад карда, қарори комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Сомонӣ №8 бетағйир монда шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»