1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Қалби саршор аз ватандӯстӣ дорад

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

МУАРРИФИНОМА

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин Сироҷов соли 1957 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1983 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

 Дар вазифаҳои коргари фабрикаи «Ширин» — и шаҳри Душанбе, коргари магазини № 24-и «Горпромторг»-и шаҳри Душанбе, коргари совхози «Дружба»-и ноҳияи Ҳисор, сипас фаъолияти меҳнатиашро дар ноҳияи Ҳисор ба ҳайси  иқтисодчии шуъбаи банақшагирӣ, иқтисодчии муассисаи «Тоҷикнефт», иқтисодчии шуъбаи омор, иқтисодчии шуъбаи молия, сардори инспексияи буҷети шуъбаи молия, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷонишини сардор — сардори инспексияи буҷети шуъбаи молия ва сардори Раёсати молия давом додааст.

Соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия буда, дар давоми вакилиаш муаллифи  чор лоиҳаи қонун мебошад. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд. Узви Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон буда, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 пешбарӣ гардидааст.

Ӯ андеша дорад, ки замона дигар гаштаву афкори мардум тағйир хӯрдааст ва халқ худ шахси шоиста ва сазоворро вакил интихоб мекунад. Ба андешаи номбурда, мардум дигар ба ваъдаҳои хушку холӣ бовар надоранд. Хоҳони онанд, ки афроди сазовор намояндаи мардум дар Парлумон бошанд. Мавсуф ситоишро намеписандад ва тасмим дорад, ки дар ҳоли пирӯз шудан чун фарди содиқу вафодори Ватан дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саъй меварзад. Аз номбурда сабаби такроран номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуданашро пурсон шудем.  Афзуд, ки сазовори боварии мардум ва фидокориҳоям ба ин марзу бум боис гашт, ки дигарбора чун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавам. Ин гуфтаҳои ӯро мардум ва шахсони боэътимодаш  тасдиқ намуда, гуфтанд, ки қобилияти ташкилотчигӣ, ҳақҷӯйиву ҳақпарастӣ ва масъулиятшиносиашро ба инобат гирифта, номзадиашро такроран  пешниҳод намудаанд.

Шарофиддин  Сироҷов изҳор дошт, ки барномаи пешазинтихоботии имрӯзааш назар  ба панҷ соли пеш муосиртар буда, ба дарди ҷомеа мехӯрад: «Барномаи пешазинтихоботии ман аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби  ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки таҳти шиори «Замонакунонии ҷомеа баҳри зиндагии арзандаи инсон дар Тоҷикистон» маншаъ гирифтааст.

Ӯ гуфт, ки барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз талош меварзад ва мекӯшад, ки бо иштироки фаъолона дар эҷоди босифати қонунҳо дар ривоҷи  истеҳсолоти дохилӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нигоҳдории сулҳу субот саҳмгузорӣ намояд.

-Масъулияти вакилиро дарк мекунам ва кӯшиш менамоям, ки дар оянда тамоми қудрату донишу маҳоратамро барои боз ҳам баланд шудани сатҳу сифати бахши қонунгузорӣ сарф намоям, зеро ояндагони мо, хусусан интихобкунандагон ба ҳар амали анҷомдодаамон баҳои воқеӣ хоҳанд дод. Фардои миллат аз амалҳои имрӯзи мо маншаъ мегирад.

Зимни суҳбат аз Шарофиддин  Сироҷов пурсон шудем, ки муддати панҷ соли вакилиаш дар Парлумон то куҷо муроҷиати  интихобкунандагон ва дархостҳояшонро қонеъ гардонидааст?

- Давоми панҷ соли вакилиам интихобкунандагон тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ дастрасӣ ба замин барои бунёди манзили истиқоматӣ, сохтмонҳо ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба ман муроҷиат карданд. Якҷоя бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор онҳоро баррасӣ ва ҳал намудем. Ҳис кардам, ки муддати панҷ соли гузашта шумораи ками интихобкунандагон оид ба мушкилиҳояшон муроҷиат карданд. Дар хотир дорам, ки як муроҷиати шифоҳии сокинони деҳоти «Деҳқонобод»-и ноҳияи Ҳисор оид ба иваз намудани симчӯбҳои фарсудашудаи даврони шӯравӣ буд, ки ин арзи интихобкунандагонро ба роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик»  расонидам ва он ҳалли худро пайдо кард,-гуфт ӯ.

- Имсол ҷашни 3000-солагии Ҳисор таҷлил мегардад. Дар ин давра барои мо дар Парлумон чунин як шахси донишманд ва тавоно, ки иқтисодиётро дар сатҳи баланд медонад, лозим аст. Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор № 7 Шарофиддин Сироҷов, қалби пур аз шарафмандию ифтихор аз миллат дорад. Мардуми саодатманди ноҳияи Ҳисор аз маротибаи дуюм пешниҳод гардидани номзадиаш розӣ ҳастанд.  Боварӣ дорам, ки Ш. Сироҷов ин навбат низ комёб  мегардад,-изҳор дошт, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Абдуҳалим Самадов.

Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»