Дар бораи натиҷаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, №1 ва вилояти Суғд, №2, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12, 52 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, №1 ва вилояти Суғд, №2 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, №1, ки 27 июли соли 2018 сурат гирифт, баргузоргардида ҳисобида шавад.
2. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, №2, ки 27 июли соли 2018 сурат гирифт, баргузоргардида ҳисобида шавад.
3. Имомназар Хоҷаназар Лутфулло бо гирифтани 273 овози вакилони интихобкунандаи Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида шуда, ба қайд гирифта, ваколаташ тасдиқ карда шавад.
4. Аҳмадзода Раҷаббой бо гирифтани 687 овози вакилони интихобкунандаи Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, №2 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида шуда, ба қайд гирифта, ваколаташ тасдиқ карда шавад.
5. Иноятзода Баҳром бо гирифтани 680 овози вакилони интихобкунандаи Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, №2 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида шуда, ба қайд гирифта, ваколаташ тасдиқ карда шавад.
6. Ба аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома супорида шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Азизова
ш. Душанбе, 27 июли соли 2018, № 21