Мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2021, №491 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бинобар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Таѓо тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мандати вакилӣ ба номзад Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил дода шавад.
2. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил ба қайд гирифта шуда, ваколатҳояш тасдиқ карда шавад.
3. Шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2021, № 164