Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Шоҳмансур №3 дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 20) воқеъ мебошад.
Комиссияи ҳавзавӣ нуҳ нафар аъзо дорад. Аз суҳбат бо раиси комиссия Абдулло Холиқов маълум гашт, ки ба ҳайати аъзои комиссия намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки расман фаъолият доранд, шомил мебошанд.
Дар ҳудуди ҳавза 87 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки 40- тои он дар ноҳияи Шоҳмануср ва 12- тоаш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгиранд.
Инчунин 35 участкаи интихоботӣ, ки дар хориҷи кишвар ташкил шудаанд, ба ин ҳавза дохиланд. Шумораи интихобкунандагон дар ҳудуди ҳавза 81 226 нафар ва дар хориҷи кишвар 89 500 нафар мебошад.
Дар комиссияи ҳавзавӣ то 15 январи соли 2015-ум нуҳ нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд. Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Суҳроб Шарипов дар ин муддат вафот кард.
Ҳоло ҳашт нафар номзад барои соҳиб шудан ба як мандати вакилӣ дар маъракаи интихобот хоҳиши иштирок кардан доранд.
Номзадҳо ба вакилӣ намояндагони Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва ду нафар аз тариқи худпешбарӣ мебошанд.
Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ба комиссия аз ҷониби онҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шудааст. Ҳуҷҷатҳо дар комиссия ҳамаҷониба омӯхта, мутобиқи «Дастурамал дар бораи муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ бо номзадҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо» санҷиш гузаронида шуд.
Ҳоло дар комиссия ва участкаҳои интихоботӣ вобаста ба талаботи қонунгузорӣ корҳои омодагӣ идома доранд. Участкаҳои интихоботӣ бо маводи зарурӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастурамал оид ба иштироки нозирони байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар маъракаи интихобот ва ғайра таъмин шудаанд.
Бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -Шоҳмансур №3 бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ баробари масъалаҳои вобаста ба интихобот, инчунин меъёрҳои рафтору одоб барои аъзои комиссияҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мутобиқи ин меъёрҳо аъзои комиссияҳои интихоботӣ бояд зимни иҷрои вазифаҳои худ меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба интихоботи озоду одилона кафолат медиҳад, таъмин намоянд, ба ҳеҷ гуна амале даст назананд, ки ягон ҳизби сиёсӣ ё номзадро тарафдорӣ намоянд ё афзалият диҳанд, аз доираи масъулияти худ берун набароянд.
Аъзои комиссияи ҳавзавӣ ҳоло дар участкаҳои интихоботӣ рӯйхати интихобкунандагонро тартиб дода истодаанд.
Дар комиссияи ҳавзавӣ дафтари бақайдгирии нозирони байналмилалӣ ташкил шудааст. Нозирони байналмилалӣ аз ҷониби САҲА ба фаъолияти комиссия шинос гашта, дар дафтари бақайдгирӣ фикру андешаҳои худро таври мусбӣ сабт намудаанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»