Асолати мардумсолорӣ дар Тоҷикистон

№31 (3332) 05.03.2015

Интихоботи соли 2015  хиради азалии мардуми тоҷикро ба намоиш гузошт.  Сабқати интихоботӣ, ки дар он кулли ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намуданд, зарфияту иқтидори  намояндагони раванди сиёсӣ-иҷтимоиро ба таври хушбинона рӯнамо кард. Иқрор мешавем, ки тарзи таблиғ, ғунҷоиши ақидатӣ, пуштивонаи зеҳнӣ, нақш дар ҷомеа, маъруфият дар байни аҳолӣ аз ҳам фарқ мекард. Ҳар ҳизб низоми пешбурди фаъолияташро тавре мунъакис кард, ки имконияташро дошт.   Дар ин порчаи кӯтоҳ ба нақли қавл аз назарсанҷие, ки анҷом додем, камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ низ дар пиёдасозии таблиғот ва ташвиқот ба мушоҳида низ гирифта шуданд .

Пеш ва беш аз ҳама рӯ овардани дастандаркорони ҳизбҳо ба мавзӯи динӣ, ба истилоҳе истифодаи такрори иқтибосҳои фиқҳӣ-шариатӣ, сарҳади дину дунявиятро ҳамвора ба чолиш мекашид. Ҳатто дар баъзе минтақаҳои кишвар, бинобар зиёд рӯ овардани номзадҳо ба муҳтавои ҳикояҳои мазҳабӣ, мансубияти ҳизбҳо ва пойбандии онҳо ба моддаи 1-уми  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар байни раъйдиҳандагон зери шубҳа қарор гирифт.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки марказҳои таҳлилии аҳзобу созмонҳо ва ашхоси алоҳидаи муддаии курсии  Парлумон аслан вуҷуд надоранд ё ин ки оид ба ҷаҳонбинии шаҳрвандон иттилояшон кофӣ нест. Ин мавзӯъро нодида, сатҳӣ ва ё сарсарӣ мешуморанд. Ҳамин омилҳо аз он далолат мекунанд, ки аҳзоб бо мардум фосила гирифтаанд. Бардошти онҳо аз зиндагии мардум дар ҳудуди вазъи чанд гаштугузар аз кӯчаҳои Душанбе ва шаҳрҳои калидӣ хулосабардорӣ мешавад, ки вазъиятро ба таври куллӣ тасвир намекунад. Берун аз пойтахту марказҳои маъмурӣ ҳувайдост, ки ҳизбҳо шинохти комили вазъиятро надоранд ва масъалаҳои мардум барои онҳо то андозае нофаҳмо ва бегона мебошанд. Ва худи онҳо ҳам шинохташуда нестанд. Таҳлилҳо низ дар мавриди вазъияти минтақа ва ҷаҳон, ки ба шаклгирии зеҳнияти интихобкунандагон таъсиргузор буд, дар доираҳои тасмимгирии ҳизбҳо сарфи назар карда шуд.

Барои мисол, чанд соли охир дар Тоҷикистон иддае аз намояндагони рӯҳонияти ғайрирасмӣ чорчӯби ахлоқу қонунро убур карда, ҳарими маънавии ҷомеаи суннатиро, ки ҳама вақт  бо пойбандӣ ба хислатҳои волои номусӣ фарқ карда меистад, тахриб намуд. Аз оне ки ин амалҳо бо ҷаҳонбинии динӣ омезиш доштанд, тасаввури миёнаомории шаҳрвандон ба таври беихтиёр онҳоро бо ҲНИТ ва роҳбарони аҳзобе ки худро авлоди сӯфиву пирҳои тариқат эълон намуданд, пайванди мантиқӣ доданд.

Маълум аст, ки ин омилҳо бо дарназардошти дар марзҳои ҷанубии кишвар сарозер шудани гурӯҳҳои тамаддунситези Давлати исломӣ, мардумро водор ба дарки ғаризаи бақо ва эҳсоси амнияти вуҷудӣ  дар тасмимгирӣ ба нафъи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бозтоб доданд. Ё ки мардум бартариро ба ҳизбҳое қоил шуданд, ки аксар ҷонибдори сохти дунявияти давлатанд.

Ҳамин тариқ, мақоли «ҳар он чӣ дар дег аст, ҳамон ба табақ гузошта мешавад», дар ин лаҳзаи сарнавиштсоз мафҳумест, ки хусусиятҳои замонии интихоботи соли 2015 мушаххас намуд. Бо ин интихобот дунё ба охир намерасад. Аҳзобро зарур аст, ки бо таваҷҷуҳ ба костагиҳои ин раванди сиёсӣ, пеш аз ҳама, камбудиҳои  аҳзоб дар ба инобат гирифтани тарзу усулҳои таҳлилҳои ояндабин ва истифодаи технологияҳои замонавӣ, худро ба чорабиниҳои муҳими давлатӣ омода созанд. Ин нишони олитарини худшиносӣ аст.

Раҷаб Салимов, коршиноси умури сиёсӣ