Додгоҳе дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолияти Ҳизби коммунисти ин кишварро боздоштааст. Ин ҳукм рӯзи 3 августи соли ҷорӣ эълон шуда, аммо ҳалномааш ҳамагӣ баъди даҳ рӯзи он ба дасти коммунистҳо расидааст. Толеубек Махиҷонов — котиби аввали Ҳизби коммунисти Қазоқистон ин ҳукми додгоҳро сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ки барои ҳалли қазияаашон то Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат хоҳанд кард. — Дар ин додгоҳ ягон узви Ҳизби коммунист иштирок накардааст, — гуфт Толеубек Махиҷонов ва афзуд, ки басташавии ҳизби онҳо асосан дар паи муроҷиати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифтааст. Баҳонаи манъи фаъолияти онҳо, ба гуфтаи ӯ, ихтилофи назарҳо дар шумораи аъзои ҲКҚ будааст. Махиҷонов мегӯяд: «Мо дар бораи 58 ҳазор узви Ҳизби коммунист дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш додем. Аммо Вазорати адлия иддао дорад, ки тамоми аъзои мо ба 38 ҳазор баробар аст. Онҳо ин маълумотро аз куҷо гирифтаанд? Дар ҳоле ки ҳеҷ кас аъзои моро дубора нашумурдааст ва ягон узви ҳизб низ дар бораи хориҷ шуданаш муроҷиат накардааст».
Сомонаи «Фараж»